https://sputnik.tj/20220423/jinoyat-muhojiron-rusiya-beshtar-1047890146.html
Ҷиноёти содиркардаи зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия бештар шудааст
Ҷиноёти содиркардаи зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия бештар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, аз аввали сол то кунун дар саросари Федератсияи Русия мизони ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
2022-04-23T12:29+0500
2022-04-23T12:29+0500
2022-04-23T12:31+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_4a2f37bdfc14d1cb3f8c9b359bdbd6b9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 8% афзоиш ёфтааст. Чунин маълумоти оморӣ дар бораи вазъи ҷиноят аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия пешниҳод шудааст., Тибқи гузориши манбаъ, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ низ қонунро бештар нақз кардаанд. Зодагони Осиёи Марказӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 8,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 - 12,6% бештар аст. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 6% - қариб 4000 афзоиш ёфтааст. Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки кормандони пулис дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 дар байни муҳоҷирони корӣ бештар қонуншиканиро ошкор кардаанд. Дар ин муддат ходисахои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва низоми будубош бештар аз 114 фоиз афзуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ҷониби Русия бояд тамоми маълумот, аз ҷумла биометрӣ дар бораи ҳамаи хориҷиёне, ки ба кишвар меоянд, дошта бошад.Русия муҳлати иқомат барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро тамдид кардӮ ҳамчунин хостори назорати дақиқтари вуруди муҳоҷирон ба кишвар шуд, то аз вуруди ҷинояткорон назорат ва ҷилавгирӣ шавад.
https://sputnik.tj/20220420/50-hazor-muhojir-vorid-rusiya-1047805306.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8cb38ef533a108a9e453f89f6e479023.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, ҷиноят, муҳоҷирон
муҳоҷират, русия, ҷиноят, муҳоҷирон
Ҷиноёти содиркардаи зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия бештар шудааст
12:29 23.04.2022 (Навсозишуда: 12:31 23.04.2022) Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, аз аввали сол то кунун дар саросари Федератсияи Русия мизони ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 8% афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумоти оморӣ дар бораи вазъи ҷиноят аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия пешниҳод шудааст.,
"Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия 10,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 - 8,1% зиёд аст", - гуфта мешавад дар хабарнома.
Тибқи гузориши манбаъ, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ низ қонунро бештар нақз кардаанд. Зодагони Осиёи Марказӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 8,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 - 12,6% бештар аст.
Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 6% - қариб 4000 афзоиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки кормандони пулис дар 2 моҳи соли 2022 нисбат ба соли 2021 дар байни муҳоҷирони корӣ бештар қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Дар ин муддат ходисахои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва низоми будубош бештар аз 114 фоиз афзуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки ҷониби Русия бояд тамоми маълумот, аз ҷумла биометрӣ дар бораи ҳамаи хориҷиёне, ки ба кишвар меоянд, дошта бошад.
Ӯ ҳамчунин хостори назорати дақиқтари вуруди муҳоҷирон ба кишвар шуд, то аз вуруди ҷинояткорон назорат ва ҷилавгирӣ шавад.