Байден боз дар ҳолати ногувор: ӯ бори дигар ба сӯи шабаҳ даст дароз кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБрифинг президента США Дж. Байдена
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Байден ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Сиэттл ба сӯйи шабаҳ дасти худро дарозу боз бори дуввум ба як ҳолати ногувор қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден, ки суханрониашро дар шаҳри Сиэттл анҷом дод, бори дигар дасти худро барои дастфишорӣ ба самте дароз кард, ки касн он ҷой набуд.
Байден бо як суханронӣ дар бораи ислоҳоти пешниҳодшуда сафараш аз кишварашро анҷом дод ва ҳангоми хайрухуш бо ҳозирин, барои дастфишорӣ ба ақиб баргашт, аммо дар қафо касе набуд.
Президенти боз гардиш карда, боз дасташро ба холигоҳ барои дастфишорӣ дароз кард.
Баъд аз он бо табассум ба хозирон ру оварда, барои диққати онҳо миннатдорӣ баён кард.
Ёдовар мешавем, қаблан ӯ пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC News нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Байден баъди мушкилӣ дар талаффузи насаби сенатор барои худ лақаб пешниҳод кард
Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.
Мавриди зикр аст, ки ин аввалин ҳолати аҷибе нест, ки раҳбари 79-солаи Амрико ба он дучор мешавад.
Обама омаду Байден дар Қасри сафед танҳо монд - видео
Қаблан Байден ноиби раисҷумҳури худ Камала Ҳаррисро президенти Иёлоти Муттаҳида номид, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба Питтсбург пешпо хӯрд ва инчунин тасодуфан ду давлат - Сурия ва Либияро ба ҳам омехта кард.
Моҳи ноябри соли 2021 Байден аз муоинаи тиббӣ гузашта буд, ки нишон дод, ки саломатиаш барои иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси сарвари давлат монеъ нест.
Трамп: ИМА аз барои Байден дар дӯзах месӯзад
Илова бар ин духтури собиқи Кохи сафед, узви Палатаи намояндагон Ронни Ҷексон ба рафтори на он қадар мувофиқи роҳбари ИМА дар назди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Вай гуфт, ки қобилиятҳои равонии сарвари кунунии Иёлоти Муттаҳида метавонанд ба як "масъалаи амнияти миллӣ" табдил ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0