Тоҷикистон наздики 15 млн воя ваксина гирифт

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник делает прививку от коронавируса
Медицинский работник делает прививку от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар асосан аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 14,5 млн вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар миёни 14 млну 516 ҳазор воя, ки ҷумҳурӣ дастрас кардааст, "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" мебошанд. Ваксинаҳо асосан дар доираи механизмии ҷаҳонии COVAX ҷудо шудаанд, ки барои кумак ба кишварҳои осебпазир дар мубориза бо коронавирус таҳия шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳолати аввали даҳаи сеюми моҳи апрел 5 млну 202 ҳазор сокини болиғи ҷумҳурӣ бо вояи якуми ваксина моякӯбӣ шудааст. Таносуби ваксинагирифтаҳо 92,8%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия тести беназир барои COVID пайдо шуд
Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 27,5 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 1 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Дар зимн мақомоти тоҷик ба далели сабт нашудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ахиран маҳдудиятҳои ковидӣ, аз ҷумла ниқобпӯшии ҳатмиро бекор кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Расман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0