Манъи содироти ғалла аз Русия ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт?

© Sputnik / Vitaly Timkiv / Гузариш ба медиабонкУборка пшеницы на полях, фото из архива
Уборка пшеницы на полях, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Маҳдудияти муваққати Русия дар интиқоли як қатор маҳсулоти ғизоӣ ба кишварҳои дигар ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад, шарҳ дод Ҳоҷимуҳаммад Умаров
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Русия содироти ғалла, шакар ва як баъзе аз дигар маҳсулоти ғизоиро муваққатан манъ кардааст. Фармони дахлдорро раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Маҳдудиятҳо аз 15 март оғоз шуда, то 31 август идома хоҳанд кард.
Вазорати кишоварзии ин кишвар қайд кард, ки ин барои кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё таҳдиди ҷиддие нахоҳад буд, зеро онҳо бо захираи кофии ғизоии Русия таъминанд.
Агар бо кишварҳои ИИАО ҳама чиз рӯшан бошад, пас ҳоли Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Дар ҷумҳурӣ солона қариб 900 ҳазор тонна гандум истеҳсол мешавад, вале ин ҳаҷм талаботи аҳолиро пурра қонеъ намегардонад.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Чӣ арзону чӣ гарон шуд: шарҳи расмии Ожонси омор
Барои таъмини аҳолии Тоҷикистон дар як сол камаш 1,7 миллион тонна гандум истеҳсол кардан лозим аст.
Дар бораи таъсири маҳдудиятҳо дар содироти ғаллаи Русия ба ҷумҳурӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров тавзеҳотеро ироа кард.
Ба гуфтаи коршинос, ҳиссаи гандуми русӣ дар бозори Тоҷикистон чандон зиёд нест - тақрибан 10% аст, ки аз минтақаҳои ҷанубии Федератсияи Русия: Курган, Оренбург ва дигар минтақаҳо харидорӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол ҳудуди 90 дарсади ғалла аз Қазоқистон ворид мешавад. Аммо ба гуфтаи профессор, як мушкили дигар пеш меояд: имсол ба далели хушксолӣ дар Тоҷикистон ҳосили он метавонад камтар шавад.

"Умедворем, ки Қазоқистон ҳосили хуб ба даст оварад ва хушксолӣ ба он таъсир накунад. Дар акси ҳол мо ба мушкилиҳо дучор ва баъдан маҷбур мешавем, ки бо дархости афзоиши ҳаҷми ғалла ба Русия муроҷиат кунем", - гуфт Умаров.

Вай афзуд, Тоҷикистон таъминкунандаи бештари шакар ва рӯғани растанӣ дорад. Ин маҳсулотро аз Ҳиндустон, Бразилия харидорӣ мекунанд ва қаблан аз Украина ворид карда мешуданд, вале бо вуҷуди ин таъмини шакар аз Русия махсусан муҳим аст.
Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Русия содироти шакар ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард: сабаб
"Равобити мо бо Қирғизистон, ки қаблан аз он ҷо шакар ворид мешуд, бадтар шуд. Аз ин рӯ умеди мо Русия аст. Мо аз Эрон ва Бразилия миқдори муайянеро интизорем", - қайд кард коршинос.
Дар нимаи моҳи март тағйирёбии қурби асъор, бо поин рафтани арзиши рубл ва болоравии қурби доллар дар бозори маводи ғизоии Тоҷикистон гарониҳоеро дар пайи дошт.
Ин гарониҳо то кунун мавқеи пешинашро касб накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0