https://sputnik.tj/20220422/putin-shuroi-amniyat-hamkori-kishvarhoi-hamsud-1047869729.html
Путин бо Шӯрои амният ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад
Путин бо Шӯрои амният ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Русия дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ дорад, ин тасмим дар пайи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия рӯи кор омадааст
2022-04-22T17:40+0500
2022-04-22T17:40+0500
2022-04-22T20:18+0500
дар русия
владимир путин
идм
ҳамкорӣ
баррасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047801889_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_e6e7d48cebc7341d15e420961b776d8b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки масоили ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намоянд."Имрӯз мо масъалаҳои ҳамкорӣ бо наздиктарин ҳамсояҳои худ дар фазои пасошӯравиро баррасӣ хоҳем кард. Алексей Логвинович (Оверчук) ин корро тавассути ҳукумати мо анҷом медиҳад. Ӯ ба таври муфассал медонад, ки корҳо пеш аз ҳама дар роҳи иқтисодӣ чӣ гуна пеш мераванд", - гуфт Владимир Путин.Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, мехоҳад, ӯро ба ҷаласа даъват кунад, то ӯ дар ин бора гузориш диҳад.Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонда буд.Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи молӣ сурат гирифта истодааст.Маврид ба зикр аст, ки феълан кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.
https://sputnik.tj/20220422/makron-khostori-idomai-muzokira-putin-1047865149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047801889_66:0:2797:2048_1920x0_80_0_0_e507af49b620ef26c2cce5e0359d93c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, кишварҳои идм, ҳамсуд, ҳамкорӣ, таҳрим, ғарб, шӯрои амният
русия, кишварҳои идм, ҳамсуд, ҳамкорӣ, таҳрим, ғарб, шӯрои амният
Путин бо Шӯрои амният ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад
17:40 22.04.2022 (Навсозишуда: 20:18 22.04.2022) Шӯрои амнияти Русия дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсудро баррасӣ мекунад. Ин тасмим дар пайи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия рӯи кор омадааст
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки масоили ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намоянд.
"Имрӯз мо масъалаҳои ҳамкорӣ бо наздиктарин ҳамсояҳои худ дар фазои пасошӯравиро баррасӣ хоҳем кард. Алексей Логвинович (Оверчук) ин корро тавассути ҳукумати мо анҷом медиҳад. Ӯ ба таври муфассал медонад, ки корҳо пеш аз ҳама дар роҳи иқтисодӣ чӣ гуна пеш мераванд", - гуфт Владимир Путин.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, мехоҳад, ӯро ба ҷаласа даъват кунад, то ӯ дар ин бора гузориш диҳад.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонда буд.
“Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо – муносибот бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қаламрави шӯравии собиқ мебошад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин мавзуъ барои мо калидист”, - изҳор кард Владимир Путин.
Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи молӣ сурат гирифта истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.