https://sputnik.tj/20220422/lavrov-afghoniston-mintaqa-tasir-1047877742.html
Лавров гуфт, вазъи Афғонистон ба минтақа таъсир дорад
Лавров гуфт, вазъи Афғонистон ба минтақа таъсир дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш аз вазъият дар Афғонистон гуфта, онро таҳдид барои тамоми минтақа хонд
2022-04-22T21:20+0500
2022-04-22T21:20+0500
2022-04-22T21:20+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
толиб
сергей лавров
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия. Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш Мухтор Тлеубердӣ, таъкид намуд, ки вазъияти печида дар Афғонистон ба амният дар тамоми минтақа таъсир дорад. Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир дар қисматҳои шимолии Афғонистон ҳолатҳои даргирӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар масоҷид ба қайд гирифта мешаванд, даҳҳо кушта бар ҷой гузоштанд. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.Аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ қаблан дар як ҳамоиш дар мавриди Афғонистон гуфт, то ҳол ташкили ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳамаи қавму гурӯҳҳои сиёсӣ аз сӯйи толибҳо амалӣ нашудааст.Ахиран Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибҳо дастур додааст, ки аз табъизи қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад."Таъйинот ва пешрафти хидматӣ бояд бар асоси шоистагӣ ва росткорию сидқ сурат бигирад", - таъкид намуд роҳбари толибҳо ва афзуд, ки бояд фазои бародарию эътимод эҷод шавад.Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон мегӯянд, қаблан низ чунин як дастуроти Охундзода нашр шуда буд, аммо дар амал таъсираш мушоҳида нагардид.
https://sputnik.tj/20220422/vazir-tolib-diplomat-osiyoi-markazi-tojikiston-1047863468.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, вазъ, афғонистон, минтақа, таъсир
лавров, вазъ, афғонистон, минтақа, таъсир
Лавров гуфт, вазъи Афғонистон ба минтақа таъсир дорад
Вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш аз вазъият дар Афғонистон гуфта, онро таҳдид барои тамоми минтақа хонд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои қазоқистонияш Мухтор Тлеубердӣ, таъкид намуд, ки вазъияти печида дар Афғонистон ба амният дар тамоми минтақа таъсир дорад.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир дар қисматҳои шимолии Афғонистон ҳолатҳои даргирӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар масоҷид ба қайд гирифта мешаванд, даҳҳо кушта бар ҷой гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
Аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ қаблан дар як ҳамоиш дар мавриди Афғонистон гуфт, то ҳол ташкили ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳамаи қавму гурӯҳҳои сиёсӣ аз сӯйи толибҳо амалӣ нашудааст.
Ахиран Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибҳо дастур додааст, ки аз табъизи қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.
"Таъйинот ва пешрафти хидматӣ бояд бар асоси шоистагӣ ва росткорию сидқ сурат бигирад", - таъкид намуд роҳбари толибҳо ва афзуд, ки бояд фазои бародарию эътимод эҷод шавад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Афғонистон мегӯянд, қаблан низ чунин як дастуроти Охундзода нашр шуда буд, аммо дар амал таъсираш мушоҳида нагардид.