Коҳиши арзиши сомониву болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Обуна шудан
Қурби сомонӣ пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ коҳиш ёфтаву доллару евро ва рубли русӣ бошад, тадриҷан нишондиҳандаҳои болотарро касб мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 158,5 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 50 дирам зиёд аст.
Уфт ё ҷаҳиш? Иқтисоддон гуфт, ки то охири моҳи апрел бо рубл чӣ мешавад
Евро чун ҳамеша дар ҳолати шинокунанда аст. Тағйирёбии кам дорад, аммо инчунин ба афзоиши чашмрас рӯ ба рӯ мешавад. Ҳоло барои як евро дар Тоҷикистон 13.6182 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ бар ивази як евро 13,54 сомонӣ медоданд.
Арзиши пули амрикоӣ низ боло рафтааст. Ҳоло дар БМТ ҳар доллар 12.5075 сомонӣ арзиш дорад.
Рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
"Global Times" гуфт, ки қудрати рубл дар чист
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 157 - 158 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 152 ва 157 сомонӣ муайян намудааст.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 160 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Коршинос сабабҳои устувории рублро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0