https://sputnik.tj/20220422/khurok-teztayyor-ham-garon-meshavad-1047872738.html
Хӯроки тезтайёр ҳам гарон мешавад. Нархи ҷадид амрикоиҳоро дар ҳоли шок қарор дод
Хӯроки тезтайёр ҳам гарон мешавад. Нархи ҷадид амрикоиҳоро дар ҳоли шок қарор дод
Sputnik Тоҷикистон
Таваррум дар ИМА ва ИА аз сақф мегузарад, амрикоиҳо ва аврупоиҳо ин гуна афзоиши таваррумро аз солҳои 80-ум ба ин сӯ надидаанд 22.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-22T19:20+0500
2022-04-22T19:20+0500
2022-04-22T19:47+0500
таваррум
пул
додугирифти мол
нафт
тиҷорат
иқтисод
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042151918_0:101:1920:1181_1920x0_80_0_0_381692c44450150f20a5be05c0f5c8b2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik, Ирина Бадмаева. Махсусан арзиши бензин ва энержӣ меафзояд. Ин натиҷаи таҳримҳои зидди Русия аст. То кай Ғарб бояд сарфаркорӣ кунад, масъалаест, ки дар матлаби РИА “Новости” баррасӣ шудааст.Таҳримҳо ба чӣ мунҷар мешаванд?Мувофиқи маълумоти Департаменти кори ИМА, дар моҳи март таварруми солона дар ин кишвар ба ҳашту ним дарсад расид. Дар моҳи феврал он 7,9% буд.Бензин бештар аз ҳама боло рафт: як галлони он беш аз чор доллар (тақрибан чаҳор литр) шуд. Дар натиҷа хароҷоти боркашонӣ зиёд шуд.Нархи хӯрокҳои тезтайёр, ки амрикоиҳо дӯст медоранд, хеле баланд шуд. Нерӯи барқ ва иҷора, ки тақрибан сеяки хароҷоти умумиро ташкил медиҳанд, сарфи назар нашудаанд.Ин ҳама бархоста аз амалиёти низомии Русия дар Украина аст, гуфт Ҷо Байден. Вай мегӯяд:Воқеан, дар Амрико арзиши молҳо аз соли гузашта ба ин сӯ боло рафта истодааст, қайд мекунад “The Wall Street Journal”. Ба унвони гунаҳкори аслии ин раванд донистани Маскав нисбат ба сиёсати худи Амрико муфидтар аст. Нашрия сабаби афзоиши рекордии таваррумро "хароҷоти аз ҳад зиёди федералӣ ва сиёсати пулию қарзӣ" унвон мекунад.Барои рафъи оқибатҳои бемории коронавирус мақомоти молии кишварҳои пешрафта дастгоҳҳои чопиро ба кор андохтаанд. Захираи федералии ИМА иқтисодиётро бо триллионҳо доллар пур кард. Дар баробари ин он сатҳи пасти пойгоҳиро наздик ба сифр нигоҳ дошт.Мардум маблағҳои дар давраи пандемия гирифтаашонро сарф карданд ва ба ин васила нархҳоро боло бурданд. Нарасидани баъзе молҳо нақши калон бозид.Бонки марказии Амрико як сол аст, исрор мекунад, ки таваррум кутоҳмуддат аст. Аммо дар асл вақте ки бояд аз ин раванд пешгирӣ мешуд, ин ниҳод хоб буд. Дар моҳи март бори аввал дар давоми чор сол танзимкунандаи нархро ба 0,25-0,5 фоиз расонд.“Эҳтимол то охири мохи июн якуним фоиз хоҳад шуд. Барои ҷилавгирӣ аз таваррум ба таври хушунатомез иқдом шавад. Аммо мутмаин нестам, ки ин то нимаи тобистон имконпазир хоҳад буд," - пешгӯӣ мекунад Андрей Лобода, директори равобити хориҷии “BitRiver”.Сусткории ФР аллакай ба кисаи амрикоиҳо зарбаи сахт зад. “Ба далели таҳримҳои зидди Русия маҷбур шудам, бештар сарф кунам”, - гуфт рӯзи 8 март Ҷо Байден ва хариди нафту дигар манобеи энержӣ аз Русияро манъ кард.Маълум буд, ки ин қарор ба истеъмолкунандагон бетаъсир намемонад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Нархи нафт дарҳол ба 130 доллар барои як бушка боло рафт. Минбаъд онҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба аз нав навиштани таблиғ шуруъ карданд.Шон Ҳаннити, муҳаққиқи “Fox News” гуфт: Ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 15 моҳи ҳукмронии Байден "ҳама чиз нодуруст мешавад". "Ман чизеро номбар карда наметавонам, ки дуруст иҷро шавад. <…> Бале, Путин дар ҳама нохушиҳо гунаҳкор аст. Ин дурӯғ аст. Хушбахтона, сокинони Иёлоти Муттаҳида инро дарк мекунанд", - гуфт ин рӯзноманигор.Афзоиши нархи бензин барои Иёлоти Муттаҳида як мавзуи дардовар аст. Аммо даҳшати асосӣ барои ин кишвар ин курси энержии сабз аст, ки Ҷо Байден пешбарӣ кардааст, итминон дорад Шон Ҳаннити.Камшавии якбораи истифодаи нафту газ боиси болоравии нархи сӯзишворӣ ва суръат гирифтани таваррум гардид. Аммо ба назар чунин мерасад, ки президенти Амрико инро фаромӯш кардааст.Таваррум дар саросари ҷаҳон паҳн мешавадВашингтон ба Иттиҳодияи Аврупо фишор меорад, ки дар он ҷо низ аз карбогидридҳои Русия даст кашанд. Аммо аврупоиҳо шитоб намекунанд. Раҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, баъзе давлатҳо "100 дарсад аз нафту гази Русия вобастаанд".Воқеан амрикоиҳо бо кумаки таҳримҳо "тилои сиёҳ"-и Венесуэла ва Эронро аз бозор хориҷ карда буданд.Дар баробари ин нархҳо дар ҷаҳони кӯҳна низ аз боло меравад. “Eurostat” ҳисоб кардааст, ки дар 19 кишвар дар моҳи март сатҳи таваррум ба 7,5 дарсад расидааст. Аз ҳама бештар дар Литва ин вазъ мушоҳида шудааст. Дар он ҷо ин рақам 15,6% аст. Дар Олмон - 7,3: ин баландтарин сатҳи таварруми 40 соли ахир аст.Беш аз ҳама дар моҳи гузашта нархҳои интиқоли энергия дар Аврупо боло рафт. Дар ҷои дуюм озуқаворӣ, машрубот ва тамоку мебошанд. Сеюм - хидматҳо.Артем Деев ба ин бовар аст, ки "болоравии нархҳо идома хоҳад ёфт. Тафовут дар занҷирҳои истеҳсолӣ ва логистикӣ, нарасидани ашёи хом ва гаронии нархи ҷаҳонӣ ба ин мусоидат мекунанд".Дар Олмон таваррум дар давоми сол аз 7 то 8 дарсад хоҳад буд, гуфт ноиби президенти “Deutsche Bank” Карл фон Рор. Ва дар сурати эмбарго ба интиқолдиҳандагони энержии Русия, таваррум аз даҳ дарсад зиёд мешавад."Давраи стагфлятсия (таваррум дар сатҳи баланд ва суст шудани суръати рушди иқтисодӣ) иқтисоди Иттиҳодияи Аврупоро торафт сахттар мефишорад. Барои тағйир додани вазъ ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад. Рушди пасти ММД дар Олмон ва Фаронса барои тамоми кишварҳои Аврупои Ғарбӣ тамоюли манфиро ба вуҷуд меорад. Минтақа дар як нуқтаи хатарнок қарор дорад. Саноат ва соҳаҳои дорои арзиши афзудаи боло таҳти фишор қарор дорад ва ба ҷуз ин дастгоҳи чопии Бонки марказии Аврупо хомӯш нашудааст”, - шарҳ медиҳад Андрей Лобода.Таваррум дар Британияи Кабир низ ба ҳадди рекордӣ мерасад. Дар моҳи март бо назардошти солона он ҳафт фоизро ташкил дод - баландтарин аз соли 1992. Иқтисодиёт аз болоравии нархи нерӯи барқ зарари ҷиддӣ дид. Ҳисобҳои газ ва қувваи барқ барои англисҳо 54 фоиз — аз 1227 то 1971 фунт афзуд. Афзоиши навбатӣ дар моҳи октябр дар назар аст. Дар Русия дар моҳи март мизони таваррум солона ба далели қиматҳои ҷаҳонӣ ба 16,69 дарсад расид.Якчанд соҳаи муҳими саноати ватанӣ аз молҳои воридотӣ вобастагии зиёд доранд. Ҳиссаи арзиши иловагии хориҷӣ аз 50 фоиз зиёд аст. Асосан ин воридот аз он кишварҳоест, ки ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудаанд.Элвира Набиуллина, раиси Бонки марказии Русия дар Думаи давлатӣ гуфт, дар семоҳаи дувум ва оғози семоҳаи савум "ба давраи тағйироти сохторӣ ва ҷустуҷӯи моделҳои нави тиҷорат ворид мешаванд".Иқтисодиёт наметавонад ҳамеша бо захираҳо зиндагӣ кунад. Бинобар ин таваррум боз ҳам бештар мешавад. Аллакай дар моҳи май 20 фоиз баланд шудани нарх пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220417/peskov-rusiya-muqobil-gharb-istodagari-1047720367.html
https://sputnik.tj/20220414/naft-gaz-rusiya-gharb-janub-sharq-1047659785.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042151918_106:0:1814:1281_1920x0_80_0_0_74844b418de8766517ad1424cef04073.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таваррум, пул, додугирифти мол, нафт, тиҷорат, иқтисод, равобит
таваррум, пул, додугирифти мол, нафт, тиҷорат, иқтисод, равобит
Хӯроки тезтайёр ҳам гарон мешавад. Нархи ҷадид амрикоиҳоро дар ҳоли шок қарор дод
19:20 22.04.2022 (Навсозишуда: 19:47 22.04.2022) Таваррум дар ИМА ва ИА аз сақф мегузарад, амрикоиҳо ва аврупоиҳо ин гуна афзоиши таваррумро аз солҳои 80-ум ба ин сӯ надидаанд
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik, Ирина Бадмаева. Махсусан арзиши бензин ва энержӣ меафзояд. Ин натиҷаи таҳримҳои зидди Русия аст. То кай Ғарб бояд сарфаркорӣ кунад, масъалаест, ки дар матлаби РИА “Новости” баррасӣ шудааст.
Таҳримҳо ба чӣ мунҷар мешаванд?
Мувофиқи маълумоти Департаменти кори ИМА, дар моҳи март таварруми солона дар ин кишвар ба ҳашту ним дарсад расид. Дар моҳи феврал он 7,9% буд.
Бензин бештар аз ҳама боло рафт: як галлони он беш аз чор доллар (тақрибан чаҳор литр) шуд. Дар натиҷа хароҷоти боркашонӣ зиёд шуд.
Нархи хӯрокҳои тезтайёр, ки амрикоиҳо дӯст медоранд, хеле баланд шуд. Нерӯи барқ ва иҷора, ки тақрибан сеяки хароҷоти умумиро ташкил медиҳанд, сарфи назар нашудаанд.
Ин ҳама бархоста аз амалиёти низомии Русия дар Украина аст, гуфт Ҷо Байден. Вай мегӯяд:
"70 дарсади таваррум ба афзоиши қимати бензин аз сӯйи Путин марбут аст".
Воқеан, дар Амрико арзиши молҳо аз соли гузашта ба ин сӯ боло рафта истодааст, қайд мекунад “The Wall Street Journal”. Ба унвони гунаҳкори аслии ин раванд донистани Маскав нисбат ба сиёсати худи Амрико муфидтар аст. Нашрия сабаби афзоиши рекордии таваррумро "хароҷоти аз ҳад зиёди федералӣ ва сиёсати пулию қарзӣ" унвон мекунад.
Барои рафъи оқибатҳои бемории коронавирус мақомоти молии кишварҳои пешрафта дастгоҳҳои чопиро ба кор андохтаанд. Захираи федералии ИМА иқтисодиётро бо триллионҳо доллар пур кард. Дар баробари ин он сатҳи пасти пойгоҳиро наздик ба сифр нигоҳ дошт.
"Дар воқеъ, доллар ва евро дар дасти сармоягузороне ҳисоб буданд, ки ба коғазҳои қиматнок дар бозори саҳҳомиро сармоягузорӣ кардаанд. Аммо нархи ҳама чиз боло рафт: аз ғалла ва нафт то хадамоти интиқолдиҳӣ", - мегӯяд Артем Деев, таҳлилгари “Amarkets”.
Мардум маблағҳои дар давраи пандемия гирифтаашонро сарф карданд ва ба ин васила нархҳоро боло бурданд. Нарасидани баъзе молҳо нақши калон бозид.
Бонки марказии Амрико як сол аст, исрор мекунад, ки таваррум кутоҳмуддат аст. Аммо дар асл вақте ки бояд аз ин раванд пешгирӣ мешуд, ин ниҳод хоб буд. Дар моҳи март бори аввал дар давоми чор сол танзимкунандаи нархро ба 0,25-0,5 фоиз расонд.
“Эҳтимол то охири мохи июн якуним фоиз хоҳад шуд. Барои ҷилавгирӣ аз таваррум ба таври хушунатомез иқдом шавад. Аммо мутмаин нестам, ки ин то нимаи тобистон имконпазир хоҳад буд," - пешгӯӣ мекунад Андрей Лобода, директори равобити хориҷии “BitRiver”.
Сусткории ФР аллакай ба кисаи амрикоиҳо зарбаи сахт зад. “Ба далели таҳримҳои зидди Русия маҷбур шудам, бештар сарф кунам”, - гуфт рӯзи 8 март Ҷо Байден ва хариди нафту дигар манобеи энержӣ аз Русияро манъ кард.
Маълум буд, ки ин қарор ба истеъмолкунандагон бетаъсир намемонад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Нархи нафт дарҳол ба 130 доллар барои як бушка боло рафт. Минбаъд онҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба аз нав навиштани таблиғ шуруъ карданд.
Шон Ҳаннити, муҳаққиқи “Fox News” гуфт:
"Тибқи назарсанҷӣ, ҳамагӣ шаш дарсад Путинро гунаҳкор медонанд. Аксари онҳо сиёсати президенти Амрикоро мусаббаби ин таваррум медонанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар тӯли 15 моҳи ҳукмронии Байден "ҳама чиз нодуруст мешавад". "Ман чизеро номбар карда наметавонам, ки дуруст иҷро шавад. <…> Бале, Путин дар ҳама нохушиҳо гунаҳкор аст. Ин дурӯғ аст. Хушбахтона, сокинони Иёлоти Муттаҳида инро дарк мекунанд", - гуфт ин рӯзноманигор.
Афзоиши нархи бензин барои Иёлоти Муттаҳида як мавзуи дардовар аст. Аммо даҳшати асосӣ барои ин кишвар ин курси энержии сабз аст, ки Ҷо Байден пешбарӣ кардааст, итминон дорад Шон Ҳаннити.
Камшавии якбораи истифодаи нафту газ боиси болоравии нархи сӯзишворӣ ва суръат гирифтани таваррум гардид. Аммо ба назар чунин мерасад, ки президенти Амрико инро фаромӯш кардааст.
Таваррум дар саросари ҷаҳон паҳн мешавад
Вашингтон ба Иттиҳодияи Аврупо фишор меорад, ки дар он ҷо низ аз карбогидридҳои Русия даст кашанд. Аммо аврупоиҳо шитоб намекунанд. Раҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, баъзе давлатҳо "100 дарсад аз нафту гази Русия вобастаанд".
Воқеан амрикоиҳо бо кумаки таҳримҳо "тилои сиёҳ"-и Венесуэла ва Эронро аз бозор хориҷ карда буданд.
Дар баробари ин нархҳо дар ҷаҳони кӯҳна низ аз боло меравад. “Eurostat” ҳисоб кардааст, ки дар 19 кишвар дар моҳи март сатҳи таваррум ба 7,5 дарсад расидааст. Аз ҳама бештар дар Литва ин вазъ мушоҳида шудааст. Дар он ҷо ин рақам 15,6% аст. Дар Олмон - 7,3: ин баландтарин сатҳи таварруми 40 соли ахир аст.
Беш аз ҳама дар моҳи гузашта нархҳои интиқоли энергия дар Аврупо боло рафт. Дар ҷои дуюм озуқаворӣ, машрубот ва тамоку мебошанд. Сеюм - хидматҳо.
Артем Деев ба ин бовар аст, ки "болоравии нархҳо идома хоҳад ёфт. Тафовут дар занҷирҳои истеҳсолӣ ва логистикӣ, нарасидани ашёи хом ва гаронии нархи ҷаҳонӣ ба ин мусоидат мекунанд".
Дар Олмон таваррум дар давоми сол аз 7 то 8 дарсад хоҳад буд, гуфт ноиби президенти “Deutsche Bank” Карл фон Рор. Ва дар сурати эмбарго ба интиқолдиҳандагони энержии Русия, таваррум аз даҳ дарсад зиёд мешавад.
"Давраи стагфлятсия (таваррум дар сатҳи баланд ва суст шудани суръати рушди иқтисодӣ) иқтисоди Иттиҳодияи Аврупоро торафт сахттар мефишорад. Барои тағйир додани вазъ ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад. Рушди пасти ММД дар Олмон ва Фаронса барои тамоми кишварҳои Аврупои Ғарбӣ тамоюли манфиро ба вуҷуд меорад. Минтақа дар як нуқтаи хатарнок қарор дорад. Саноат ва соҳаҳои дорои арзиши афзудаи боло таҳти фишор қарор дорад ва ба ҷуз ин дастгоҳи чопии Бонки марказии Аврупо хомӯш нашудааст”, - шарҳ медиҳад Андрей Лобода.
Таваррум дар Британияи Кабир низ ба ҳадди рекордӣ мерасад. Дар моҳи март бо назардошти солона он ҳафт фоизро ташкил дод - баландтарин аз соли 1992. Иқтисодиёт аз болоравии нархи нерӯи барқ зарари ҷиддӣ дид. Ҳисобҳои газ ва қувваи барқ барои англисҳо 54 фоиз — аз 1227 то 1971 фунт афзуд. Афзоиши навбатӣ дар моҳи октябр дар назар аст. Дар Русия дар моҳи март мизони таваррум солона ба далели қиматҳои ҷаҳонӣ ба 16,69 дарсад расид.
"Ба ҷуз беқурбшавии рубл, боқимондаи афзоиши хароҷоти истеҳсолкунандагон вобаста ба ҷузъҳои хориҷӣ аст. Молҳои воридотӣ боло рафтаанд, ки пас аз чанде онҳо камчин хоҳанд шуд", - мегӯяд Михаил Коган, коршиноси Мактаби олии мудирияти молӣ.
Якчанд соҳаи муҳими саноати ватанӣ аз молҳои воридотӣ вобастагии зиёд доранд. Ҳиссаи арзиши иловагии хориҷӣ аз 50 фоиз зиёд аст. Асосан ин воридот аз он кишварҳоест, ки ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шудаанд.
Элвира Набиуллина, раиси Бонки марказии Русия дар Думаи давлатӣ гуфт, дар семоҳаи дувум ва оғози семоҳаи савум "ба давраи тағйироти сохторӣ ва ҷустуҷӯи моделҳои нави тиҷорат ворид мешаванд".
Иқтисодиёт наметавонад ҳамеша бо захираҳо зиндагӣ кунад. Бинобар ин таваррум боз ҳам бештар мешавад. Аллакай дар моҳи май 20 фоиз баланд шудани нарх пешбинӣ шудааст.