https://sputnik.tj/20220421/vaziron-khoriji-rusiya-osiyo-markazi-tahdid-mintaqa-barrasi-1047824416.html
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Осиёи Марказӣ таҳдидҳои минтақаиро баррасӣ мекунанд
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Осиёи Марказӣ таҳдидҳои минтақаиро баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони хориҷаи Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дурнамои тавсеаи формати "шашгона"-ро дар нишасти онланӣ ба баррась хоҳанд кашид
2022-04-21T11:30+0500
2022-04-21T11:30+0500
2023-02-08T19:48+0500
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
сиёсат
ом
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677538_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d0212b75a8b43bc6225775c776a64b0e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 22 апрел баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Русия.Ин дафъа ҷаласаи панҷуми вазири корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ + Русия" тавассути видеоконфронс баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки дар он вазири хориҷаи Русия, раҳбарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки вазирон масъалаҳои ҳифзи субот дар минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро баррасӣ хоҳанд кард.Ғайр аз ин дар рафти конфронс таваҷҷуҳи вижае ба чашмандози густариши бахше аз қолаби "шашгона" хоҳад шуд. Онҳо дар заминаҳои алоқаи мутақобила суҳбат хоҳанд кард. Ин шомили ҳамлу нақл, энергетика, беҳбуди вазъи санитарию эпидемӣ ва соҳаи амнияти миллӣ хоҳад буд.Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки нимаи моҳи май вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии мавзуъҳои минтақаӣ ва авзоъ дар Украина вориди Тоҷикистон мешаванд. Қарор аст, ин нишаст рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор шавад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду бор баргузор мешаванд. Ҷаласаи навбатӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва тирамоҳӣ дар Нурсултон 13 октябр баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220418/omodagi-vukh-jalasa-shuro-vaziron-khorija-idm-dushanbe-1047750760.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677538_163:0:884:541_1920x0_80_0_0_655a8da4e6b56e9bc2c400b99aa71c49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазирон хориҷӣ русия осиёи марказӣ таҳдидҳо баррасӣ
вазирон хориҷӣ русия осиёи марказӣ таҳдидҳо баррасӣ
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Осиёи Марказӣ таҳдидҳои минтақаиро баррасӣ мекунанд
11:30 21.04.2022 (Навсозишуда: 19:48 08.02.2023) Вазирони хориҷаи Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дурнамои тавсеаи формати "шашгона"-ро дар нишасти ойнланӣ баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 22 апрел баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Русия.
Ин дафъа ҷаласаи панҷуми вазири корҳои хориҷии "Осиёи Марказӣ + Русия" тавассути видеоконфронс баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар он вазири хориҷаи Русия, раҳбарони вазоратҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки вазирон масъалаҳои ҳифзи субот дар минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро баррасӣ хоҳанд кард.
"Дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя табодули афкор сурат хоҳад гирифт", - афзуд манбаъ.
Ғайр аз ин дар рафти конфронс таваҷҷуҳи вижае ба чашмандози густариши бахше аз қолаби "шашгона" хоҳад шуд.
Онҳо дар заминаҳои алоқаи мутақобила суҳбат хоҳанд кард. Ин шомили ҳамлу нақл, энергетика, беҳбуди вазъи санитарию эпидемӣ ва соҳаи амнияти миллӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки нимаи моҳи май вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии мавзуъҳои минтақаӣ ва авзоъ дар Украина вориди Тоҷикистон мешаванд.
Қарор аст, ин нишаст рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду бор баргузор мешаванд.
Ҷаласаи навбатӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва тирамоҳӣ дар Нурсултон 13 октябр баргузор мешавад.