https://sputnik.tj/20220421/tojikiston-ruz-buzurgdosht-sadi-sherozi-tajlil-1047852640.html
Баргузории Рӯзи Саъдии Шерозӣ дар Душанбе
Баргузории Рӯзи Саъдии Шерозӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури сафири Эрон, донишмандон ва аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ нишасте баргузор шуд 21.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-21T22:50+0500
2022-04-21T22:50+0500
2022-04-22T12:47+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047859921_0:0:801:451_1920x0_80_0_0_1624ff98d5de1cb64d49e2e14c166d4d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Саъдӣ як ҳамоиш барпо гардид, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон, донишмандони зиёд ва аҳли зиё ҳузур доштанд.Ба иттилои хабаргузории "Форс", дар оғози ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бо каломи ширини Саъдии бузургвор аз хурдсолӣ ошноӣ пайдо мекунанд.Хушвақтзода Саъдиро шоир ва нависандаи дорои мақоми баланди истисноӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хонда гуфт, "бо гузашти қарнҳо аз ҷойгоҳи ӯ на танҳо чизе накоста, балки афзудааст".Рӯзи "Шайхи аҷал": сафири Эрон тоҷикистониёнро шодбош гуфтЗимнан, сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ низ ҷамъомадагонро бо Рӯзи Саъдии Шерозӣ таҳният гуфта, изҳор дошт, ки "накӯдошти шоистаи бузургмардони арсаи илму маориф ифтихори бас бузург барои эрониёну тоҷикон ва ҳамаи дӯстдорони маърифату адаб дар тамомии асрҳову дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад". Сафири Эрон Шайх Муслиҳиддин Саъдиро яке аз суханварони тарози аввали шеъру адаби порсӣ гуфт, ки дар байни мардумони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон маҳбубияти зиёде дорад.Дар идома сафири Эрон зикр намуд, ки номи Саъдӣ ва осори гаронбаҳояш дерзамоне аст, ки ҳофизаи таърихии ҷаҳонро музайян сохта ва ин ифтихори сутург аст, ки то имрӯз ва ҳамеша таърих мояи фахри ҳамаи мо, порсизабонон аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047859921_25:0:736:533_1920x0_80_0_0_73ebb3811433b2d18a8a40985cdd6cf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг
Баргузории Рӯзи Саъдии Шерозӣ дар Душанбе
22:50 21.04.2022 (Навсозишуда: 12:47 22.04.2022) Ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури сафири Эрон, донишмандон ва аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ нишасте баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Саъдӣ як ҳамоиш барпо гардид, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон, донишмандони зиёд ва аҳли зиё ҳузур доштанд.
Ба иттилои хабаргузории "Форс", дар оғози ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бо каломи ширини Саъдии бузургвор аз хурдсолӣ ошноӣ пайдо мекунанд.
Хушвақтзода Саъдиро шоир ва нависандаи дорои мақоми баланди истисноӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хонда гуфт, "бо гузашти қарнҳо аз ҷойгоҳи ӯ на танҳо чизе накоста, балки афзудааст".
Зимнан, сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ низ ҷамъомадагонро бо Рӯзи Саъдии Шерозӣ таҳният гуфта, изҳор дошт, ки "накӯдошти шоистаи бузургмардони арсаи илму маориф ифтихори бас бузург барои эрониёну тоҷикон ва ҳамаи дӯстдорони маърифату адаб дар тамомии асрҳову дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад".
Сафири Эрон Шайх Муслиҳиддин Саъдиро яке аз суханварони тарози аввали шеъру адаби порсӣ гуфт, ки дар байни мардумони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон маҳбубияти зиёде дорад.
"Қариб 800 сол аст, ки "шуҳрати суханаш" ба атрофу акнофи олам меравад ва "зикри ҷамилаш" дар ҳар анҷумане садо медиҳад ва то ҷаҳон боқӣ аст, дурдонаҳои пандогини назму насраш зинатбахши рӯзгори банӣ башар аст", - афзуд ҷаноби Собирӣ.
Дар идома сафири Эрон зикр намуд, ки номи Саъдӣ ва осори гаронбаҳояш дерзамоне аст, ки ҳофизаи таърихии ҷаҳонро музайян сохта ва ин ифтихори сутург аст, ки то имрӯз ва ҳамеша таърих мояи фахри ҳамаи мо, порсизабонон аст.