Сӯхтори даҳшатбор дар корхонаи кимиёии вилояти Иваново: видео

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Сӯхтор дар як корхонаи кимиёии шаҳри Кинешма майдони 800 метри мураббаъро фаро гирифт: кормандони корхона ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар шаҳри Кинешмаи вилояти Иваново Корхонаи кимиёии Дмитриевский оташ гирифт. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба шоҳидони ҳол хабар медиҳад.
Бино ба гузориши расонаҳо, ин корхона аз кормандон тахлия шуда, хадамоти изтирорӣ ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Барои хомӯш кардани сӯхтор 49 оташнишон ва 18 техника ҷалб шудааст.
Дар бораи қурбониён ва сабабҳои сӯхтор дар ҳоли ҳозир маълумоте дар дастрас нест.
"Дар коргоҳи кимиёии тавлиди маҳлул ва рангҳо сӯхтор ба амал омад. Аз бинои сӯхташуда 143 нафар ба берун бароварда шуданд", — гуфтаанд ба РИА "Новости" аз хадамоти изтирорӣ.
Бояд гуфт, Комбинати кимиёии ба номи Дмитриевский бузургтарин тавлидкунандаи бутилатсетат ва ҳалкунандаҳои саноатӣ дар Русия ва Аврупои Шарқӣ, таъминкунандаи доираи васеи маҳсулоти кимиёӣ ва нафту кимиё дар Русия ва ҷаҳон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0