https://sputnik.tj/20220421/shoygu-putin-mariupol-ozod-azovstal-boqi-1047828767.html
Шойгу ба Путин: Мариупол озод шуд, ҷангиён танҳо дар "Азовстал" боқӣ мондаанд
Шойгу ба Путин: Мариупол озод шуд, ҷангиён танҳо дар "Азовстал" боқӣ мондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия ба сарфармондеҳ гузориш дод, ки чанд нафар дар корхонаи "Азовстал" дар муҳосира қарор доранду чӣ қадар то ҳол таслим шудаанд 21.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-21T12:40+0500
2022-04-21T12:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
амният ва мудофиа
низомӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044795248_0:0:3186:1793_1920x0_80_0_0_c69325b925a178a2a4e3964114cb04e8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Худи шаҳри Мариупол аз нерӯҳои украинӣ озод шудааст, аммо дар корхонаи "Азовстал" ҳамоно ҷангиён боқӣ мондаанд. Ин нуқтаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҳисобот ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт. Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар муҳосира гирифта шудаанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир. Ба гуфтаи Шойгу, ҷангиёни Украина дар шаҳри Мариупол 4 бор аз сокинони мулкӣ ҳамчун сипар истифода карданд. Аз ҷумла онҳоро аз таҳхонаҳо ба берун рондаанд, то ақибнишинӣ кунанд, тавзеҳ дод ӯ. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия амалиёти низомиёнро дар Мариупол муваффақ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки барои корнамоиҳо ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шаванд. Воҳидҳои низомии Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгарои "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Русия борҳо пешниҳод кард, ки ба далоили гуманитарӣ муҳосирашудаҳо ихтиёран силоҳро ба замин гузоранду таслим шаванд, аммо то ҳол на ҳама аз ин имконият истифода кардаанд. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220421/putin-azovstal-hamla-1047828608.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044795248_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_0097b8073ad3455835b1877d0e086838.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, амният ва мудофиа, низомӣ, украина
дар русия, амният ва мудофиа, низомӣ, украина
Шойгу ба Путин: Мариупол озод шуд, ҷангиён танҳо дар "Азовстал" боқӣ мондаанд
12:40 21.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазири мудофиаи Русия ба сарфармондеҳ гузориш дод, ки чанд нафар дар корхонаи "Азовстал" дар муҳосира қарор доранду чӣ қадар то ҳол таслим шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Худи шаҳри Мариупол аз нерӯҳои украинӣ озод шудааст, аммо дар корхонаи "Азовстал" ҳамоно ҷангиён боқӣ мондаанд.
Ин нуқтаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҳисобот ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт.
Ӯ гузориш дод, ки беш аз 2 ҳазор ҷангӣ феълан дар ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар муҳосира гирифта шудаанд. Аз шумораи муҳосирашудаҳо то ҳол 1478 нафар таслим шудаанд, афзуд вазир.
Ба гуфтаи Шойгу, ҷангиёни Украина дар шаҳри Мариупол 4 бор аз сокинони мулкӣ ҳамчун сипар истифода карданд. Аз ҷумла онҳоро аз таҳхонаҳо ба берун рондаанд, то ақибнишинӣ кунанд, тавзеҳ дод ӯ.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия амалиёти низомиёнро дар Мариупол муваффақ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки барои корнамоиҳо ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
Воҳидҳои низомии Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома доранд. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгарои "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Русия борҳо пешниҳод кард, ки ба далоили гуманитарӣ муҳосирашудаҳо ихтиёран силоҳро ба замин гузоранду таслим шаванд, аммо то ҳол на ҳама аз ин имконият истифода кардаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.