Билет арзон мешавад? Русия барои ширкатҳои ҳавопаймоияш 100 млрд. рубл ҷудо мекунад

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкBoeing 777 в небе
Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Барои қисман ҷуброн кардани хароҷоти парвозҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия сад миллиард рубл ҷудо карда мешавад, то нархи чиптаҳоро гарон накунанд
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар барои қисман ҷуброн кардани парвозҳо дар дохили кишвар 100 миллиард рубл ҷудо хоҳад кард, гуфт сарвазири Русия Михаил Мишустин.
Сиёсатмадор ҳамчунин аз вазири нақлиёт Виталий Савелев хостааст, ки ин масъаларо таҳти назорати шахсии худ бигирад, то ин барнома хуб иҷро шавад, менависад РИА "Новости".
Дар ҷаласаи ҳукумат ӯ қайд кард, ки Девони Вазирон чораҳои дастгирии нақлиёти ҳавоиро дар баробари таҳримҳо идома медиҳад, зеро соҳа ба маҳдудияту мамнуъиятҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар робита ба таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ва нигоҳдории ҳавопаймоҳо дучор шудааст.

"Имрӯз бо супориши президент ҳукумат барои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 100 миллиард рубл ҷудо мекунад. Маблағ ба барои қисман ҷуброн кардани хароҷоти интиқолдиҳандагон дар хатсайрҳои дохилии кишвар равона карда мешавад", - гуфт нахуствазир.

Мишустин афзуд, ки ин тадбир аз ҳамин моҳ ба кор шуруъ мекунад ва то моҳи октябр идома хоҳад кард.
Сарвазири Русия умедвор аст, ки ин тадбир намегузорад, то нархи чипта дар парвозҳои дохилӣ гарон шавад.
“Яъне он давраҳои асосии таътили мактаббачагонро дар бар мегирад. Умедворем, ки чунин тадбир имкон медиҳад, ҳамлу нақли мусофирон тавассути ҳавопаймоҳои ватанӣ дар сатҳи соли гузашта нигоҳ дошта шавад ва арзиши чиптаҳо дар ин давра барои ширкатҳо дастрас боқӣ мемонад", - гуфт сарвазир.

Парвозҳои Русия ва Тоҷикистон

Ба Тоҷикистон чор ширкати ҳавопаймоии русиягӣ "Уралские авиалинии", "Северный ветер", "Ют-эйр" ва "Сибир" парвоз мекунанд.
Моҳи феврал қимати билетҳои ин ширкатҳо якбора ба таври бесобиқа боло рафт ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳо хоста буд, ки нархҳои собити худро пешниҳод кунанд.
Дар ин росто ширкатҳо ваъда дода буданд, ки аз мавсими нав - яъне 28 март новобаста аз боло рафтани қурби доллар нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло намебаранд.
Нархи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон якбора поин рафт
Ҳамчунин пештар хабар дода шуд, ки нархи чиптаҳои самти Русия - Тоҷикистон якбора поин рафт.
Гуфта шуд, ки арзиши парвоз ба Тоҷикистон 22 фоиз арзон шуд. Нархи билети самти Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор рубл мебошад, аммо қимати билети сафар ба Русия гаронтар аст.
Лентаи хабарҳо
0