Инфиҷор дар як вилояти Афғонистон, ки ҳаммарзи Тоҷикистон аст

© AP / Felipe DanaТалибы на границе
Талибы на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Бар асари таркиш дар Қундуз чанд нафар кушта ва даҳҳо тан дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Ин дуввумин инфиҷор давоми чанд соат аст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки дар ҳаммарз бо Тоҷикистон воқеъ аст, инфиҷори шадид рух дод.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News бо такя ба намояндаи расмии хадамоти амниятии маҳаллӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин ҳодиса дар шаҳри Кундуз дастикам чаҳор нафар кушта шудаанд.
Ҳамзамон дар пайи ин ҳодиса 18 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар бораи сабабҳо ва макони дақиқи таркиш то ҳол хабар дода нашудааст.
Ҳамзамон то кунун масъулияти ин инфиҷорҳои хунинро ба уҳда нагирифтааст.
Верующие-мусульмане совершают первую вечернюю молитву перед началом поста в первую ночь священного месяца поста Рамадан в северо-западной сирийской провинции Идлиб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Таркиш дар масҷиди Афғонистон 30 кушта бар ҷой гузошт
Ёдовра мешавем, ки ин дуввумин таркиш дар чанд соат аст.
Соате қабл дар шимоли Афғонистон низ дар яке аз масҷидҳо таркиши сахт ба амал омад. Ҳодиса дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи шимолии Афғонистон рух додааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар кушта ва 80 нафари дигар ҷароҳат вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабаби дақиқи таркиш низ маълум нест. Эҳтимол меравад, ки ин дар пайи фаъолсозии дастгоҳи тарканда сурат гирифтааст.
Пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешуданд.
Ҳамин тавр, тирамоҳи соли 2021 дар маҷмӯъ дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Инфиҷори шадид дар мактаби Кобул чанд нафарро кушт
Ахиран дар паи таркишҳо дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд. Дар назди ду муассисаи таълимии пойтахт садои таркиш баланд шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0