Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Русия ба Донбасс сулҳ меорад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Дар ҷараёни ҳамоиши “Русия – кишвари имкониятҳо” кишвардори Русия ба мавзуи амалиёти вижа дахл кард. Президент мақсади асосии онро бори дигар хотиррасон кард
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Ба шарофати Русия ба Донбасс сулҳ меояд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин хабар дод.
"Ҳамин тавр мешавад!" - таъкид кард президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои нозирони платформаи "Русия – сарзамини имкониятҳо".
Дар ин чорабинӣ Путин ба мавзуи амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс дахл кард. Ба гуфтаи вай, Федератсияи Русия собитқадамона амал карда, ба вазъияте ноил хоҳад шуд, ки дар ҶМД ва ҶМЛ зиндагӣ тадриҷан ба эътидол ояд.

"Маҳз фоҷиае, ки дар Донбасс, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск рух дод, Русияро маҷбур кард, ки ин амалиёти низомиро оғоз кунад ва имрӯз ҳама дар бораи он хуб медонанд", - қайд кард Путин.

Вай таъкид кард, амалиёти ҷангӣ, ки 8 сол давом кард, ҶМД ва ҶМЛ-ро ба куллӣ тағйир дод.

"Ҳадаф аз ин амалиёт кумак ба мардуми мо, ки дар Донбасс зиндагӣ мекунанд, мебошад", — гуфт ин кишвардор.

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0