ФСБ-и Русия ҳалқаҳои тундгарои исломиро дар Урал нобуд кард – видеои амалиёт

Обуна шудан
Аз хонаи исломгароён маводи таблиғотии мамнуъ, воситаҳои иртиботот, электронии иттилоотӣ, ки ҳангоми амалои террористӣ истифод мешаванд, ошкору мусодира шуд.
Дар вилояти Свердловски Русия чанд узви як ҳалқаи махфии “Ҳизб-ут-таҳрир-ул-исломӣ”*-ро, ки мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро ба ин гурӯҳи террористӣ ҷалб мекарданд, нобуд карданд, хабар медиҳад ФСБ-и Русия.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳалқа панҷ шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид буданд.

"Ин афрод бо дастури эмиссарҳои хориҷӣ идеологияи "Ҳизб-ут-таҳрир”*-ро таблиғ карда, мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони кориро ба сафи худ ҷалб мекардаанд", - омадааст дар хабар.

Аз манзили исломгароён маводи таблиғотии “Ҳизб-ут-таҳрир”*, васоити иртиботӣ, васоити электроние, ки ҳангоми анҷоми амалиёти террористӣ истифода мешуданд, ошкору мусодира шуд.
Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти интизомии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
* - Ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия.
Лентаи хабарҳо
0