Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чин Ғарбро дар таҳрики хунин дар Буча муттаҳам мекунад

© AP / Efrem LukatskyРазбитая техника в городе Буча
Разбитая техника в городе Буча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Намояндагони Ҷумҳурии Халқии Демократии Чин воқеаҳои таҳқиромези чанде пеш суратгирифта дар шаҳри Бчуаи вилояти Киевро шарҳ додаанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Иғвогарии хунин дар шаҳри Бучаи Украинаро Ғарб ба хотири таҳқир кардани Русия ташкил кардааст.
Дар ин бора намояндагони сафорати Чин дар Маскав хабар доданд.

"Ҳодисаи қатли ом дар шаҳри Буча ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ИМА ва Ғарб барои ноил шудан ба ҳадафи нопоки худ, яъне паст задани обрӯи Русия ва инзивои (он) дар сатҳи байналмилалӣ онро ба таври зишт саҳнасозӣ кардаанд", - омадааст дар хабар.

Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд.
Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Украинские солдаты на танках в городе Буча - Sputnik Кыргызстан, 1920, 04.04.2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Буча – як иғвои зиддирусии дорои "се нимкоса"
Вазорати дифои Русия ин видео ва аксҳоро иғво номида, таъкид кард, ки дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.
Вазорат ёдовар шуд, ки мақомоти Украина дар бораи "зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия" ба таваллудхонаи Мариупол як хабари қалбакӣ паҳн кардаанд. Нашрияҳо аксҳои занони ҳомиларо паҳн намуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кард.
Лентаи хабарҳо
0