Байден тасмимашро дар мавриди сафар ба Украина тағйир дод

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Қаблан кишвардори Амрико изҳори омодагӣ намуда буд, ки бо сафари расмӣ ба Киев меравад. Вале баъдан изҳор дошт, ки ҳоло намедонад, ба Украина сафар мекунад ё на
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфт, намедонад, ба Киев меравад ё на, хабар медиҳад РИА "Новости".
Дар ҳамин ҳол камтар аз як ҳафта пеш ӯ барои анҷоми як сафари расмӣ ба Украина изҳори омодагӣ карда буд. Рӯзи сешанбе дар як чорабинӣ дар Ню Ҳемпшир яке аз рӯзноманигорон аз Байден пурсид, ки оё ӯ ба парвоз ба пойтахти Украина розӣ мешавад?
"Ман намедонам", - гуфт Байден.
Аммо вай тавзеҳ дод, ки борҳо дар Украина будааст ва танҳо вақтҳои охир ба он ҷо сафаре анҷом надодааст.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Байден барои бартараф кардани Трамп президент шуд?
Ёдовар мешавем, ки Киев сафари қарибулвуқуи Ҷо байден ба Украинаро эълон карда буд, ҳарчанд ҳафтаи гузашта котиби матбуотии Кохи сафед Ҷен Псакӣ гуфт, "сафари Байден ба Украина ба нақша гирифта нашудааст".
Худи раисҷумҳури Амрико гуфт, маъмурияти ӯ тасмим мегирад, ки кадоме аз намояндагонаш дар ояндаи наздик барои як сафари расмӣ ба Украина фиристода шаванд.
Президенти Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Трамп гуфт, Амрикоро "даҳшати иқтисодӣ" интизор аст ва Байденро гунаҳкор кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ озодкунии Донбасс номида мешавад.
Пас аз ин Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълони мамнуияти воридоти манобеи энержӣ​​аз Русияро эълон кард, қимати он ба суръат боло рафтааст. Тавре муовини нахуствазири Русия Александр Новак қайд кард, даст кашидан аз нафти Русия метавонад ба оқибатҳои ногуворе барои бозори ҷаҳонӣ дошта бошад ва боиси боло рафтани нархи он то 300 доллар барои як бушка нафт гардад.
Лентаи хабарҳо
0