https://sputnik.tj/20220419/taghyiri-surogha-hukumati-dushanbe-1047776842.html
Тағйири суроғаҳо: ҳукумати Душанбе ҳам кӯчид
Тағйири суроғаҳо: ҳукумати Душанбе ҳам кӯчид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Душанбе, ки то ҳол дар собиқ бинои дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият мекард, бо нашри як эълон аз кӯчиданаш ба макони нав хабар дод
2022-04-19T17:35+0500
2022-04-19T17:35+0500
2022-04-19T18:31+0500
дар тоҷикистон
ҳукумат
душанбе
кӯч бастан
хиёбони рӯдакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047776689_0:53:528:350_1920x0_80_0_0_f688af3946448d3a30ed4a3ef5918dfb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дафтари кории ҳукумати Душанбе аз бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ба бинои Рӯдакӣ 40 кӯчонда шуд. Дар бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия хабар дод. "Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ 40 идома медиҳанд", - омадааст дар эълон. Таъкид шудааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, барои баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нав муроҷиат кунанд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе баъди тахриби бинояш ба Кохи раисҷумҳури Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ҷой дода шуда буд ва тайи солҳои охир дар ин макон фаъолият мекард. Дар макони нави шаҳрдорӣ, дар бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 40 қаблан якчанд ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард. Феълан кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба бинои собиқи Иттифоқи рассомон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89 кӯчиданд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 40 дафтар дошт, ҳоло дар бинои Маҷлиси олии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 42 ҷой гирифтаст. Агентии миллии итиилоотии Тоҷикистон "Ховар" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои корхонаи табъу нашри "Шарқи озод", воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 16 гузашт. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло дар бинои собиқи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3 фаъолият мекунад. Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар кӯчаи Шодмонӣ 58 кӯчидааст.
https://sputnik.tj/20220204/sokhtmoni-binohoi-navi-parlumon-hukumat-dushanbe-1045489742.html
душанбе
хиёбони рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047776689_39:0:506:350_1920x0_80_0_0_14fac9de63ef3c128c3ed6d99475bc57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, душанбе, суроға, кӯчидан, макон, нав
ҳукумат, душанбе, суроға, кӯчидан, макон, нав
Тағйири суроғаҳо: ҳукумати Душанбе ҳам кӯчид
17:35 19.04.2022 (Навсозишуда: 18:31 19.04.2022) Ҳукумати Душанбе, ки то ҳол дар бинои собиқи Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият мекард, бо нашри як эълон аз кӯчиданаш ба макони нав хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дафтари кории ҳукумати Душанбе аз бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ба бинои Рӯдакӣ 40 кӯчонда шуд.
Дар бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия хабар дод.
"Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ 40 идома медиҳанд", - омадааст дар эълон.
Таъкид шудааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, барои баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нав муроҷиат кунанд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе баъди тахриби бинояш ба Кохи раисҷумҳури Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 80 ҷой дода шуда буд ва тайи солҳои охир дар ин макон фаъолият мекард.
Дар макони нави шаҳрдорӣ, дар бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 40 қаблан якчанд ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.
Феълан кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба бинои собиқи Иттифоқи рассомон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89 кӯчиданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 40 дафтар дошт, ҳоло дар бинои Маҷлиси олии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ 42 ҷой гирифтаст.
Агентии миллии итиилоотии Тоҷикистон "Ховар" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои корхонаи табъу нашри "Шарқи озод", воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 16 гузашт.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло дар бинои собиқи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3 фаъолият мекунад.
Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" ҳам аз Рӯдакӣ 40 ба бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар кӯчаи Шодмонӣ 58 кӯчидааст.