https://sputnik.tj/20220419/neruho-vizha-azovstal-hujum-1047767026.html
Нерӯҳои вижа ба "Азовстал" -и Мариупол ҳуҷум карданд
Нерӯҳои вижа ба "Азовстал" -и Мариупол ҳуҷум карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи НМ ДХР Басурин аз оғози ҳамла ба Азовсталь дар Мариупол аз ҷониби гурӯҳҳои махсус эълон кард
2022-04-19T13:10+0500
2022-04-19T13:10+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
қувваҳои мусаллаҳ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047768414_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_d0cc0b1b692628b3b0d8ed7b904dd04e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Намояндаи милитсияи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Эдуард Басурин дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, ки тибқи маълумоти ӯ, ҳамла ба "Азовстал" оғоз шудааст. Илова бар ин намояндаи милисаи мардумӣ иддаоҳоро дар бораи ҳузури шаҳрвандони осоишта дар ҳудуди ин корхона рад кард.Ба гуфтаи Басурин, низомиёни украинӣ барои ба таъхир андохтани оғози ҳамла аз ҳар гуна иттилооти қалбакӣ истифода хоҳанд кард. Воҳидҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нозиҳо тоза мешавад. Тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шудааст, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад – дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вазорати дифоъ ба ҷангҷӯёне, ки муҳосира шудаанд, пешниҳод кардааст, ки ихтиёран силоҳ ба замин гузоранд, аммо онҳо рад карданд. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои тактикаи террористии ҚМУ дар Русия на танҳо Киев масъул хоҳад будБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220412/putin-ukraina-fojia-1047592967.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047768414_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_eb74ca837f6914626cd6428c3ec15655.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, русия, украина, "азовстал"
амалиёти вижа, русия, украина, "азовстал"
Нерӯҳои вижа ба "Азовстал" -и Мариупол ҳуҷум карданд
13:10 19.04.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Намояндаи милисаи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Басурин аз оғози ҳамла ба "Азовстал" дар Мариупол аз ҷониби гурӯҳҳои махсус хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Намояндаи милитсияи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Эдуард Басурин дар эфири шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, ки тибқи маълумоти ӯ, ҳамла ба "Азовстал" оғоз шудааст.
"То ҷое ки ман медонам, як қисми гурӯҳҳои ҳамлаваре, ки махсус барои ҳамла ба ин объект интихоб шуда буданд, аллакай ба кор шуруъ кардаанд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин намояндаи милисаи мардумӣ иддаоҳоро дар бораи ҳузури шаҳрвандони осоишта дар ҳудуди ин корхона рад кард.
Ба гуфтаи Басурин, низомиёни украинӣ барои ба таъхир андохтани оғози ҳамла аз ҳар гуна иттилооти қалбакӣ истифода хоҳанд кард.
Воҳидҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нозиҳо тоза мешавад.
Тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шудааст, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад – дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Вазорати дифоъ ба ҷангҷӯёне, ки муҳосира шудаанд, пешниҳод кардааст, ки ихтиёран силоҳ ба замин гузоранд, аммо онҳо рад карданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.