https://sputnik.tj/20220419/medvedev-rusiya-jang-iqtisod-1047784823.html
Медведев: алайҳи Русия ҷанги иқтисодӣ идома дорад
Медведев: алайҳи Русия ҷанги иқтисодӣ идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин бовар аст, ки буғӣ кардан ва дар инзиво қарор додани Русия ба кишварҳои Ғарб муяссар нахоҳад шуд
2022-04-19T20:55+0500
2022-04-19T20:55+0500
2022-04-19T20:55+0500
дар русия
иқтисод
дмитрий медведев
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691267_0:0:2719:1529_1920x0_80_0_0_1a806672c020abd98a80f362753de4f5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки алайҳи Русия ҷанги иқтисодӣ идома дорад.Медведев бовар дорад, ки буғӣ кардани иқтисоди ин кишвар ва дар инзиво қарор додани ӯ муяссар нахоҳад шуд.Медведев дар инбора дар ҷаласаи Президиуми Совети президент оид ба илм ва маориф изҳории назар кард.Дар идома ӯ гуфт, ки Русия ба ҳамаи ин нақшаҳои Ғарб қаблан омодагӣ дида буд."Маълум аст, ки вазъ душвор аст. Аммо ҳеҷ кас муваффақ нахоҳад шуд, ки иқтисоди моро буғӣ кунад ва Русияро аз ҷаҳон ва аз давлатҳои дигар ҷудо кунад", - афзуд ӯ.Русия рӯзи 24-уми феврал амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард. Дар посух Ғарб таҳримҳои нави зидди Русия эълон кард.Онҳо пеш аз ҳама бар зидди бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти баландтехнологӣ нигаронида шудаанд. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шудаанд. Бисёре аз брендҳои ҷаҳонӣ аз хуруҷи худ дар Русия хабар доданд.Ба гуфтаи президент Владимир Путин, чунин амалҳои Ғарб дар асл ба бадтар кардани зиндагии миллион одамон равона шудаанд. Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо воқеан дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид кардаанд, ки рӯйдодҳои имрӯза ба бартарияти ҷаҳонии Ғарб ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод хатти батлон мекашад.Фишори таҳримӣ алайҳи Маскав аллакай ба мушкилоти иқтисодӣ барои ИМА ва Аврупо табдил ёфта, боиси афзоиши ҷиддии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220419/lavrov-rusiya-rezhim-ukraina-taghyir-1047772104.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691267_0:0:2719:2039_1920x0_80_0_0_f9799be2aad4210234cfc4dbb68d7796.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев русия ҷанг иқтисодӣ
медведев русия ҷанг иқтисодӣ
Медведев: алайҳи Русия ҷанги иқтисодӣ идома дорад
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бар ин бовар аст, ки буғӣ кардан ва дар инзиво қарор додани Русия ба кишварҳои Ғарб муяссар нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки алайҳи Русия ҷанги иқтисодӣ идома дорад.
Медведев бовар дорад, ки буғӣ кардани иқтисоди ин кишвар ва дар инзиво қарор додани ӯ муяссар нахоҳад шуд.
"Кишвари мо ҳоло дар мавқеи махсус қарор дорад. Фишори бесобиқа ба Федератсияи Русия идома дорад. Дарвоқеъ, инҳо ҳатто таҳримҳо нестанд, балки, тавре ки мақомоти алоҳидаи хориҷӣ ба мо гуфтанд, ин ҷанги иқтисодӣ аст".
Медведев дар инбора дар ҷаласаи Президиуми Совети президент оид ба илм ва маориф изҳории назар кард.
Дар идома ӯ гуфт, ки Русия ба ҳамаи ин нақшаҳои Ғарб қаблан омодагӣ дида буд.
"Маълум аст, ки вазъ душвор аст. Аммо ҳеҷ кас муваффақ нахоҳад шуд, ки иқтисоди моро буғӣ кунад ва Русияро аз ҷаҳон ва аз давлатҳои дигар ҷудо кунад", - афзуд ӯ.
Русия рӯзи 24-уми феврал амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард. Дар посух Ғарб таҳримҳои нави зидди Русия эълон кард.
Онҳо пеш аз ҳама бар зидди бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти баландтехнологӣ нигаронида шудаанд. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шудаанд. Бисёре аз брендҳои ҷаҳонӣ аз хуруҷи худ дар Русия хабар доданд.
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, чунин амалҳои Ғарб дар асл ба бадтар кардани зиндагии миллион одамон равона шудаанд. Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо воқеан дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид кардаанд, ки рӯйдодҳои имрӯза ба бартарияти ҷаҳонии Ғарб ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод хатти батлон мекашад.
Фишори таҳримӣ алайҳи Маскав аллакай ба мушкилоти иқтисодӣ барои ИМА ва Аврупо табдил ёфта, боиси афзоиши ҷиддии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.