Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров Зеленскийро одами аз ақл бегона хонд

© AFP 2023 / ANATOLII STEPANOVРеакция президента Украины Владимира Зеленского на пресс-конференции по итогам саммита Крымской платформы в Киеве
Реакция президента Украины Владимира Зеленского на пресс-конференции по итогам саммита Крымской платформы в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия итминон дод, ки дар Украина силоҳи ҳастаӣ истифода намешавад ва нерӯҳои мусаллаҳ ба мардуми осоишта ҳамла намекунанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мусоҳиба бо "India Today" итминон дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳанд кард.
Дар посух ба суоли як хабарнигори шабакаи телевизионӣ дар бораи нигарониҳои раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз нақшаи ҳамлаи Русия ба Киев бо силоҳи ҳастаӣ Сергей Лавров таъкид кард, ки дар ин бора умуман сухан намеравад.

"Ман наметавонам чизеро, ки як нафари комилан аз ақл бегона гуфта буд, шарҳ диҳам", - гуфт вазир.

Дар идома Лавров ёдовар шуд, ки маҳз Русия ташаббускори ҳамаи созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи манъи истифодаи силоҳи ҳастаӣ буд.
Ба бовари Сергей Лавров, кишварҳои НАТО аз пуштибонӣ кардани Зеленский даст мекашанд.
"Онҳо ӯро танҳо бар зидди Русия истифода бурданд ва ҳама корро карданд, то ӯро маҷбур кунанд, ки созишномаҳои Минскро риоя накунад", - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Сергей Лавров бори дигар таъкид кард, ки ҳадафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия мардуми осоиштаи Украина нест ва нахоҳад буд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Русия режими Украинаро тағйир доданӣ нест
"Мо танҳо ба зерсохти ҳарбӣ зарба задем. Мутаассифона, артиши ба истилоҳ Украина, ки рамзҳои фашистиро истифода мекунад... одамонро ҳамчун сипари зинда истифода мебарад, силоҳҳои вазнинро дар шаҳрҳо, дар назди боғчаҳо, беморхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ ҷо медиҳад", - таъкид кард вазир.
Лавров гуфт, далелҳо дар бораи ҷиноятҳои ҷангии артиши Украина мунтазам ва ба миқдори зиёд, аз ҷумла аз тарафи шоҳидони айнӣ нашр мешаванд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо чашм мепӯшад.
"Мутаассифона, дар Ғарб касе ба далелҳое, ки мо пешниҳод мекунем, аҳамият намедиҳад. Онҳо чунин маводро бофта мепиндоранд, ки чанд рӯз пеш дар Буча буд", - ёдовар шуд дипломати рус.
Сергей Лавров таъкид кард, ба сурати умум, Русия қасд надорад, ки Украинаро таҳти назорати худ гирад.
Лентаи хабарҳо
0