https://sputnik.tj/20220419/elon-tedod-shirkat-sohibkoron-1047781663.html
Эълони теъдоди ширкату соҳибкорони Тоҷикистон, ки фаъолиятро қатъ кардаанд
Эълони теъдоди ширкату соҳибкорони Тоҷикистон, ки фаъолиятро қатъ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - марти соли равон фаъолияташонро ба далоили гуногун қатъ кардаанд 19.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-19T19:30+0500
2022-04-19T19:30+0500
2022-04-19T19:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
соҳибкор
қатъ
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/56/1028645628_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_073b78eb000ab8d2dc4d4920a833e213.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Семоҳаи аввали соли равон бо қатъи фаъолияти беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар ин бора хабаргузории "Авесто" аз қавли Ожонси омори Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, аз миёни субъектҳои хоҷагидории фаъолияташон қатъшуда, 319 ададашон шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 7 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошад. Таъкид шудааст, ки ба ҳолати аввали апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 685,4 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 635 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Теъдоди субъектҳои фаъол ба ҳолати аввали апрели соли равон 344,5 ҳазор нафар мебошад. Барҳамхӯрии субъектҳои хоҷагирдорӣ ва фаъол набудани бархеи онҳо дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дастур дод. Ӯ махсусан дар шароитии феълӣ, ки авзои ҷаҳонӣ мураккаб боқӣ мемонад, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва афзоиши тавлидоти дохилиро муҳим хонд. Дар ҳамин ҳол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст.Дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал саноат (22,1%) ва савдо (19,6%) бартарӣ доранд. Ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва анбор дар сохтори ММД 11,7% ва андоз 12%-ро ташкил додааст.Саҳми соҳаи кишоварзӣ, ки дар охири сол одатан дар сохтори ММД бартарӣ дорад, дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 6,4%ро ташкил додааст. Ин аз он вобаста аст, ки соли кишоварзӣ тоза шуруъ шудааст. ⠀Тибқи пешгӯиҳо, дар соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,9%, ба маблағи 103,9 млрд. сомонӣ, муодили 8,3 млрд. доллар дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220418/rais-sughd-sohibkor-rusiya-tojikiston-1047754887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/56/1028645628_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_edd20d794b0a0ce82aee7ab54dd018be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, соҳибкор, қатъ, фаъолият
дар тоҷикистон, иқтисод, соҳибкор, қатъ, фаъолият
Эълони теъдоди ширкату соҳибкорони Тоҷикистон, ки фаъолиятро қатъ кардаанд
Беш аз 7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - марти соли равон фаъолияташонро ба далоили гуногун қатъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Семоҳаи аввали соли равон бо қатъи фаъолияти беш аз 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ ҷамъбаст карда шуд.
Дар ин бора хабаргузории "Авесто" аз қавли Ожонси омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз миёни субъектҳои хоҷагидории фаъолияташон қатъшуда, 319 ададашон шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 7 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошад.
Таъкид шудааст, ки ба ҳолати аввали апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 685,4 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 635 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Теъдоди субъектҳои фаъол ба ҳолати аввали апрели соли равон 344,5 ҳазор нафар мебошад.
Барҳамхӯрии субъектҳои хоҷагирдорӣ ва фаъол набудани бархеи онҳо дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дастур дод. Ӯ махсусан дар шароитии феълӣ, ки авзои ҷаҳонӣ мураккаб боқӣ мемонад, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва афзоиши тавлидоти дохилиро муҳим хонд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал саноат (22,1%) ва савдо (19,6%) бартарӣ доранд. Ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва анбор дар сохтори ММД 11,7% ва андоз 12%-ро ташкил додааст.
Саҳми соҳаи кишоварзӣ, ки дар охири сол одатан дар сохтори ММД бартарӣ дорад, дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 6,4%ро ташкил додааст. Ин аз он вобаста аст, ки соли кишоварзӣ тоза шуруъ шудааст. ⠀
Тибқи пешгӯиҳо, дар соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,9%, ба маблағи 103,9 млрд. сомонӣ, муодили 8,3 млрд. доллар дар назар аст.