Боздошти як муҳоҷири тоҷики муттаҳам дар куштор дар Маскав

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Ҳодисаи куштор дар як қаҳвахонаи шаҳри Иркутск рух дод буд ва муҳоҷири тоҷик яке аз муттаҳамони ин ҳодиса дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд, хабар медиҳад "Сибирские Новости". Ба иттилои манбаъ, ин тоҷикистонӣ ба далели даст доштан дар ҳодисаи куштор аз сӯйи кормандони пулис дастгир гардидааст.
Манбаъ меафзояд, қатли як меҳмони қаҳвахона дар Киренск ҳанӯз моҳи августи соли гузашта рух дода буд.
Он замон, дар қаҳвахонаи "Оазис" миёни ду гурӯҳи мардон нофаҳмӣ сар зад ва баҳсашон берун аз бинои қаҳвахона шадидтар шуд. Дар натиҷа яке аз онҳо бо захми шадиди корд ба бемористон интиқол ёфт, вале кӯшиши табибон бенатиҷа анҷом ёфт ва марди 34-сола бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ даргузашт.
Баъдан маълум гардид, ки гумонбари асосии ин ҳодиса молики ҳамин қаҳвахона, марди 31-сола будааст.
Посольство Республики Таджикистан в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Сафорат гуфт, қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия то охир пайгирӣ мекунад
Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи куштор се нафар даст доштанд, зеро яке аз онҳо пас аз рух додани ин ҳодиса фавран боздошт шуда буд.
Зимнан муттаҳами дигар пас аз шаш моҳ дар Красноярск дастгир гардид. Гумонбари сеюм шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ахиран аз сӯйи кормандони пулис дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, пас боздошт гардидани тоҷикистонӣ ӯро фавран ба Иркутск интиқол доданд. Феълан ҳар се муттаҳами ин ҳодиса дар боздоштгоҳи Иркутск қарор доранд ва тафтишоти ҳодиса ҳамоно идома дорад.
То нашр шудани ин хабар дар мавриди шахсияти муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик ягон маълумот мунташир нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0