Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия теъдоди низомиёни кушташудаи украиниро нашр кард

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкСитуация в Донецкой народной республике
Ситуация в Донецкой народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия омори ҷадид дар бораи талафоти низомиёни украиниро нашр кард. Ин ниҳод меафзояд, аз ҳама беш талафот миёни нерӯҳои "Азов" сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия талафоти артиши Украинаро дар ҷараёни амалиёти вижа нашр кард.
Департаменти ҳарбӣ хабар дод, ки талафоти ҷуброннопазири артиши Украина 23367 нафарро ташкил додааст.

"Ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёри Вазорати дифои Русия қарор доранд, ҳамчунин аз теъдоди зиёди низомиёни фирорӣ, захмиён ва бедаракшудагон шаҳодат медиҳанд", - омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин дар бораи талафоти Горди миллӣ, ки аз асноди Украина ба даст омадаанд, маълумот дода шуд. Дар ин ҳуҷҷат қайд гардидааст, ки талафоти зиёд дар қисми низомии 3057 ва миёни ҷангиёни "Азов" ба қайд гирифта шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Украинский военнослужащий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Барои тактикаи террористии ҚМУ дар Русия на танҳо Киев масъул хоҳад буд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0