https://sputnik.tj/20220418/qallobi-khona-maqomot-dushanbe-1047729011.html
Шикояти сокинони солхӯрдаи Душанбе аз фиребкорӣ дар бозори хона: милиса месанҷад
Шикояти сокинони солхӯрдаи Душанбе аз фиребкорӣ дар бозори хона: милиса месанҷад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз вуруди шикоятҳо ба мақомоти Душанбе дар мавриди ҳолатҳои қаллобӣ зимни додугирифти хона хабар додааст
2022-04-18T11:30+0500
2022-04-18T11:30+0500
2022-04-18T11:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хона
фиреб
қаллобӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:181:1920:1261_1920x0_80_0_0_1ba1d0661484ca231515ed97cbf9900f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Марди 69-сола, сокини шаҳри Душанбе ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки ҳадафи фиреб қарор гирифтааст. Тибқи иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 2018 марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Таъкид шудаст, ки ба ивази ин маблағ ба марди солхӯрда манзили истиқоматӣ дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт ваъда дода шудааст. Аммо фарди муттаҳам дар қаллобӣ маблағи бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ваъдаашро иҷро накардааст, афзуд манбаъ. Мақомот афзуданд, ки чунин як шикояти марбут ба додугирифти хона ҳамчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ворид шудааст. Марди 66-сола, сокини Душанбе арз кардааст, ки моҳи апрели соли 2018 марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Марди муттаҳам ба ивази ин миқдор пул ба ҷабрдида ваъда дода кардааст, ки манзили истиқоматиашро дар ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, аммо то ҳол ин аҳдашро иҷро накардааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сол ба сол талабот ба манзили истиқоматӣ ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ ва камзаминии кишвар афзоиш ёфта истодааст.Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 42,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20220418/ojonsi-zaminsoz-ittihom-qallobi-bozdosht-1047727286.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:1:1920:1441_1920x0_80_0_0_8876fe2aa095dddf30f0d52b0c2ad0b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуд, фиреб, сокинон, солхӯрда, душанбе
вуд, фиреб, сокинон, солхӯрда, душанбе
Шикояти сокинони солхӯрдаи Душанбе аз фиребкорӣ дар бозори хона: милиса месанҷад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз вуруди шикоятҳо ба мақомоти Душанбе дар мавриди ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни додугирифти хона хабар додааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Марди 69-сола, сокини шаҳри Душанбе ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки ҳадафи фиреб қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 2018 марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Таъкид шудаст, ки ба ивази ин маблағ ба марди солхӯрда манзили истиқоматӣ дар бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт ваъда дода шудааст.
Аммо фарди муттаҳам дар қаллобӣ маблағи бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ваъдаашро иҷро накардааст, афзуд манбаъ.
Мақомот афзуданд, ки чунин як шикояти марбут ба додугирифти хона ҳамчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ворид шудааст. Марди 66-сола, сокини Душанбе арз кардааст, ки моҳи апрели соли 2018 марди 60-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 37 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Марди муттаҳам ба ивази ин миқдор пул ба ҷабрдида ваъда дода кардааст, ки манзили истиқоматиашро дар ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, аммо то ҳол ин аҳдашро иҷро накардааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сол ба сол талабот ба манзили истиқоматӣ ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ ва камзаминии кишвар афзоиш ёфта истодааст.
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 42,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.