https://sputnik.tj/20220418/kuh-halokat-hodisaho-nokhush-tojikiston-1047728717.html
Ба кӯҳ рафтанду бар нагаштанд: ҳалокати се нафар дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар Тоҷикистон
Ба кӯҳ рафтанду бар нагаштанд: ҳалокати се нафар дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як рӯзи истироҳатии гузашта дар Тоҷикистон се ҳолати марг дар пайи ҳаводиси нохуш дар куҳҳо сабт шудааст
2022-04-18T11:15+0500
2022-04-18T11:15+0500
2022-04-18T13:39+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024060_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_fbcdf5a9db3e0972ec79e54b77a0b4df.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисто мегӯяд, ки рӯзи якшанбеи гузашта зимни ду ҳодисаи нохуш се тан ҳолок шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Ваҳдату Варзоб, дар кӯҳҳо сар задаанд.Ба иттилои манбаъ, 17 апрели соли 2022, тахминан соати 05:25 дақиқа хабар расид, ки ду нафар аз сокинони деҳаи Симиганҷи ҷамоати деҳоти Симиганҷ рӯзи 12 апрел бо мақсади ҷамъоварии туршӣ ба кӯҳҳои воқеъ дар наздикии деҳа рафтаанд ва то ҳол аз онҳо хабаре нест.Ин ниҳод мегӯяд, фавтидагон 41 ва 42 сол дошта, эҳтимол ҳангоми гарм кардани хайма аз гази оксиди карбон ҳалок шудаанд.Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзбо рух додааст. Бо вуҷуди ҳушдорҳои чанддаъфаии кумита дар бораи вазъи номуносиб дар ҷиҳати сафар ба кӯҳистон, чарогоҳ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ин рӯзҳо як сокини 25-солаи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ба кӯҳ рафтааст.Ҳангоми ҷамъоварӣ ӯ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дараи Очук афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасадро аз дара берун оварданд.КҲФ бори дигар аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки сокинон бояд дар нисбати огоҳиҳо ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдор беэътиноӣ накунанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро қатъӣ риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20220416/hushdor-khf-boronho-rad-barq-1047695077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024060_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ac363d6995ca9fd081e0ae799bed9da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат ҳодисаҳо нохуш тоҷикистон
ҳалокат ҳодисаҳо нохуш тоҷикистон
Ба кӯҳ рафтанду бар нагаштанд: ҳалокати се нафар дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар Тоҷикистон
11:15 18.04.2022 (Навсозишуда: 13:39 18.04.2022) Давоми як рӯзи истироҳатии гузашта дар Тоҷикистон се ҳолати марг дар пайи ҳаводиси нохуш дар кӯҳҳо сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисто мегӯяд, ки рӯзи якшанбеи гузашта зимни ду ҳодисаи нохуш се тан ҳолок шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Ваҳдату Варзоб, дар кӯҳҳо сар задаанд.
Ба иттилои манбаъ, 17 апрели соли 2022, тахминан соати 05:25 дақиқа хабар расид, ки ду нафар аз сокинони деҳаи Симиганҷи ҷамоати деҳоти Симиганҷ рӯзи 12 апрел бо мақсади ҷамъоварии туршӣ ба кӯҳҳои воқеъ дар наздикии деҳа рафтаанд ва то ҳол аз онҳо хабаре нест.
"Кормандони бахши кумита баъди ҷустуҷӯи муштарак бо кормандони ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳаллӣ ҷасади фавтидагонро аз дохили хаймае дар кӯҳистон пайдо кардаанд", - афзуд манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, фавтидагон 41 ва 42 сол дошта, эҳтимол ҳангоми гарм кардани хайма аз гази оксиди карбон ҳалок шудаанд.
Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзбо рух додааст. Бо вуҷуди ҳушдорҳои чанддаъфаии кумита дар бораи вазъи номуносиб дар ҷиҳати сафар ба кӯҳистон, чарогоҳ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ин рӯзҳо як сокини 25-солаи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ба кӯҳ рафтааст.
Ҳангоми ҷамъоварӣ ӯ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дараи Очук афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасадро аз дара берун оварданд.
КҲФ бори дигар аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки сокинон бояд дар нисбати огоҳиҳо ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдор беэътиноӣ накунанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро қатъӣ риоя намоянд.