Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф

Обуна шудан
Ҳоло дар донишгоҳҳои Русия 14 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон аз тариқи шартнома ва 16,9 ҳазори дигар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд
Дар Донишгоҳҳои Русия феълан зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Русия, ҳоло 14 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар асоси шартнома ва 16,9 ҳазори дигар дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд.
Дар Тоҷикистон алъон филиалҳои се донишгоҳи Русия фаъоланд ва дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологӣ "МИМиС" аз ҳама беш донишҷӯёни тоҷик (727 нафар) таҳсил мекунанд. Дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии МЭИ 475 донишҷӯи дигари тоҷикистонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Донишкадаи бонуфузи Маскав барои донишҷӯёни тоҷик бурсия ҷудо кардааст
Маълум аст, ки донишҷӯёни тоҷик аз ҳама беш ДДХР-ро меписанданд. Дар ин донишгоҳ 493 толибилми тоҷик таҳсил мекунад.
Ҳамчунин Донишгоҳи федералии Қазон низ аз мақбултарин донишгоҳҳо миёни донишҷӯёни Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки 324 нафар маҳз ҳамин муассисаро барои идомаи таҳсил интихоб намудаанд.
Маврид ба зикр аст, Русия феълан дар Тоҷикистон панҷ муассисаи таълимӣ месозад, ки як қисмати онҳо аз оғози соли хониши имсол мавриди истифода қарор мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0