https://sputnik.tj/20220418/dastur-putin-tezondani-dodugirift-mol-rubl-1047752410.html
Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рубл
Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рубл
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Федератсияи Русия изҳори боварӣ намуд, ки дар шароити нав, иқтисоди ин кишвар бо суръати нисбатан баландтар пешрафт хоҳад кард
2022-04-18T20:45+0500
2022-04-18T20:45+0500
2022-04-18T20:46+0500
иқтисод
молия
владимир путин
дар русия
рубл
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045404758_0:168:3043:1880_1920x0_80_0_0_c5d6b168d354695795bd5eeb3172d54d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зарурати тасреи гузаштан ба рубл дар савдои хориҷиро таъкид намуд. Раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ гуфт, додугирифти мол бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад. "Маҳдудиятҳое, ки кишварҳои ғайридӯст алайҳи Русия роҳандозӣ карданд, бешак, ба имкониятҳои бахши соҳибкории ватанӣ таъсир гузоштанд. Содироту воридотро мушкил карданд, маҳдудиятҳо дар ҳисоббаробаркунӣ эҷод намуданд", - гуфт Путин. Ӯ афзуд, ки бояд барои соҳибкорон дар ҳалли ин мушкилот кумакҳое ироа шавад. Владимир Путин изҳори бовар намуд, ки дар шароити навин иқтисоди Русия бояд бо суръати беш аз пеш рушд кунад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, дар доираи чораҳои зиддибуҳронӣ ва коҳиши таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодаш аз рубл ва юан истифода кунад. Тибқи нақшае, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дар назар аст, истифодаи пулҳои миллӣ дар додугирифти мол бо шарикони тиҷорӣ густариш ёбад. Дар назар аст, ки созишҳои тиҷоратӣ зимни додугирифти мол бо шарикони асосии тиҷорӣ бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.Ҳамчунин дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқ, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо истифода аз рубл сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20220411/peskov-rusiya-defolt-1047546943.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045404758_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_cd5e616072046c47c7e1ba128464ad4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, пул, савдо, рубл, тезондан
русия, пул, савдо, рубл, тезондан
Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рубл
20:45 18.04.2022 (Навсозишуда: 20:46 18.04.2022) Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки дар шароити нав иқтисоди ин кишвар бо суръати нисбатан баландтар пешрафт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зарурати тасреи гузаштан ба рубл дар савдои хориҷиро таъкид намуд.
Раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ гуфт, додугирифти мол бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
"Маҳдудиятҳое, ки кишварҳои ғайридӯст алайҳи Русия роҳандозӣ карданд, бешак, ба имкониятҳои бахши соҳибкории ватанӣ таъсир гузоштанд. Содироту воридотро мушкил карданд, маҳдудиятҳо дар ҳисоббаробаркунӣ эҷод намуданд", - гуфт Путин.
Ӯ афзуд, ки бояд барои соҳибкорон дар ҳалли ин мушкилот кумакҳое ироа шавад.
"Аз ҷумла гузаштани савдои хориҷӣ ба ҳисобаробаркуниҳо бо рубл ва пули миллии шарикони тиҷории муътамад бояд тасреъ шавад", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Владимир Путин изҳори бовар намуд, ки дар шароити навин иқтисоди Русия бояд бо суръати беш аз пеш рушд кунад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, дар доираи чораҳои зиддибуҳронӣ ва коҳиши таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодаш аз рубл ва юан истифода кунад.
Тибқи нақшае, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, дар назар аст, истифодаи пулҳои миллӣ дар додугирифти мол бо шарикони тиҷорӣ густариш ёбад.
Дар назар аст, ки созишҳои тиҷоратӣ зимни додугирифти мол бо шарикони асосии тиҷорӣ бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқ, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо истифода аз рубл сурат бигирад.