https://sputnik.tj/20220418/belarus-tabib-shakhsi-lukashenko-bozdosht-1047744254.html
Дар Беларус табиби шахсии Лукашенко боздошт шуд
Дар Беларус табиби шахсии Лукашенко боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як қатор аз кормандони соҳаи тиб ба далели муроҷиоти шубҳанок бо ширкатҳои хориҷӣ боздошт шудаанд
2022-04-18T17:20+0500
2022-04-18T17:20+0500
2022-04-18T20:05+0500
беларус
табиб
александр лукашенко
боздошт
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291214_0:0:3028:1703_1920x0_80_0_0_c53702c7ebf40bc21fbec1944e32cc30.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Табиби шахсии раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар боздошт қарор дорад. Дар ин бора худи сиёсатмадор зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ Дмитрий Пиневич, додситони кулл Андрей Швед ва раиси КДА Иван Тертел хабар дод. Вай афзуд, то кунун 35 корманди дигари соҳаи тандурустӣ ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд.Президенти Беларус тавзеҳ дод, ки парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, табибон ба беморон тавсия додаанд, баъзе қисмҳои ортопедиро истифода баранд, ки пас аз он онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ маблағи ҳангуфт гирифтаанд.Ба гуфтаи Лукашенко, ҳангоми кофтуков аз хонаҳои баъзе аз онҳо аз 300 000 то 650 000 евроӣ ёфт шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса раҳбари Беларус ғайриқобили қабул будани фасод дар соҳаи тибро таъкид карда гуфт, "дар оғози ҳама гуна ҷанг беадолатӣ ва дар саргаҳи беадолатӣ фасод қарор дорад".Ҳамзамон Лукашенко ба боздоштшудагон пешниҳод кард, ки хисороти расидаро ҷуброн кунанд ва пас аз ин онҳо бо қарори Вазорати тандурустӣ ба сохторҳое фиристода шаванд, то аз рӯи ихтисосашон кор кунанд.Илова бар ин сиёсатмадори беларус аз далели боздошти пизишки шахсияш нороҳат шуд, аммо ҳамзамон таъкид кард, ки “қонун барои ҳама як аст”.
https://sputnik.tj/20220413/lukashenko-putin-koronavirus-1047621647.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291214_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_3f572f3a94da2674ba8bc3062fd37e60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус табиб лукашенко боздошт
беларус табиб лукашенко боздошт
Дар Беларус табиби шахсии Лукашенко боздошт шуд
17:20 18.04.2022 (Навсозишуда: 20:05 18.04.2022) Як қатор аз кормандони соҳаи тиб ба далели муроҷиати шубҳанок ба ширкатҳои хориҷӣ, ки бар ивазашон маблағҳои ҳангуфт мегирифтанд, боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Табиби шахсии раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар боздошт қарор дорад.
Дар ин бора худи сиёсатмадор зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ Дмитрий Пиневич, додситони кулл Андрей Швед ва раиси КДА Иван Тертел хабар дод.
Вай афзуд, то кунун 35 корманди дигари соҳаи тандурустӣ ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд.
"Ман рафти ин амалиётро хуб медонам: ман онро назорат мекардам. Он имрӯз оғоз нашудааст, дирӯз не. <...> Бовар дорам, ки инҳо на ҳама касоне ҳастанд, ки дар он ҷо дар паҳлуи онҳо бояд нишинанд", - қайд кард Лукашенко.
Президенти Беларус тавзеҳ дод, ки парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, табибон ба беморон тавсия додаанд, баъзе қисмҳои ортопедиро истифода баранд, ки пас аз он онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ маблағи ҳангуфт гирифтаанд.
Ба гуфтаи Лукашенко, ҳангоми кофтуков аз хонаҳои баъзе аз онҳо аз 300 000 то 650 000 евроӣ ёфт шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса раҳбари Беларус ғайриқобили қабул будани фасод дар соҳаи тибро таъкид карда гуфт, "дар оғози ҳама гуна ҷанг беадолатӣ ва дар саргаҳи беадолатӣ фасод қарор дорад".
Ҳамзамон Лукашенко ба боздоштшудагон пешниҳод кард, ки хисороти расидаро ҷуброн кунанд ва пас аз ин онҳо бо қарори Вазорати тандурустӣ ба сохторҳое фиристода шаванд, то аз рӯи ихтисосашон кор кунанд.
Илова бар ин сиёсатмадори беларус аз далели боздошти пизишки шахсияш нороҳат шуд, аммо ҳамзамон таъкид кард, ки “қонун барои ҳама як аст”.