https://sputnik.tj/20220417/zelenskiy-putin-vokhurad-1047718400.html
Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст, чанд бор бо Путин вохӯрад
Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст, чанд бор бо Путин вохӯрад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Украина изҳори шубҳа кард, ки дар як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан мумкин аст
2022-04-17T16:30+0500
2022-04-17T16:30+0500
2022-04-18T12:48+0500
украина
владимир зеленский
владимир путин
вохӯрӣ
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_0:6:2700:1525_1920x0_80_0_0_b17f662c1d3f9eea74628a3b280cbea4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки ҳангоми бастани созишномаи Киев ва Маскав як мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин кофӣ нахоҳад буд, хабар медиҳад РИА "Новости". Ба таъкиди Зеленский, масъалаи Донбасс ва Қрим ҳамоно баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд.Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
https://sputnik.tj/20220417/rusiya-jangju-khoriji-ukraina-1047716067.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_187:0:2544:1768_1920x0_80_0_0_ced6b88deb7d9937e4c5ed7cebe0b0f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский путин вохӯрӣ
Зеленский гуфт, ба ӯ лозим аст, чанд бор бо Путин вохӯрад
16:30 17.04.2022 (Навсозишуда: 12:48 18.04.2022) Президенти Украина изҳори шубҳа кард, ки дар як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан мумкин бошад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бар ин назар аст, ки ҳангоми бастани созишномаи Киев ва Маскав як мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин кофӣ нахоҳад буд, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ман тарафдори зудтар баргузор шудани мулоқот бо Русия ҳастам. Фикр намекунам, ки як мулоқот басандааст. Бо як мулоқот сари ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расидан ғайриимкон аст", - афзуд Зеленский.
Ба таъкиди Зеленский, масъалаи Донбасс ва Қрим ҳамоно баҳсбарангез боқӣ хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.