Русия кори "сайёди шабона"-ро дар Украина нишон дод - видео

Обуна шудан
Амалиёти чархболҳои "Ми-28Н", маъруф ба "Сайёди шабона" намоиш дода шуд, ки техникаи низомии украиниро ҳадаф қарор доданд
Вазорати мудофиаи Русия видеои зарбазании чархболҳои "Ми-28Н" ва бозгашташонро ба пойгоҳ нишон дод.
Бар асоси видеои 55-сонияӣ, "Ми-28Н", ки бо номи "Сайёди шабона" маъруф аст, ба ҳаво баланд ва баъдан лаҳзаи зарба ба мақарри техникаи низомии Украина намоиш дода мешавад. Баъди нобудсозии техники низомии пинҳоншуда дар ҷангалзор чархбол ба пойгоҳи худ бармегардад.
Вазорати мудофиаи Русия дар шарҳи ин видео гуфт, зимни анҷоми амалиёт "Ми-28Н" макони маҷмаи мушакҳои зенитиро ошкор кард.
Нахуст халабон домҳои ҳароратиро партоб карда, аз мушакҳои ҳариф канорагирӣ намуд. Баъди ин чархболҳои зарбазан аллакай ба макони ошкоршудаи маҷмаи зенитӣ зарба зада, онро нобуд кардаанд, афзуд Вазорати дифоъ.
Русия гуфт, чанд ҷангҷӯи хориҷӣ дар Украинаянд ва аз куҷо омадаанд
Дар баробари ин техникаи пинҳоншудаи нерӯҳои украинӣ низ дар минтақаи ҷангалзор ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0