https://sputnik.tj/20220417/rahmon-korkhona-sohibkoroni-rusiya-1047715402.html
Боздиди Раҳмон аз корхонае, ки соҳибкорони Русия сармоягузорӣ кардаанд
Боздиди Раҳмон аз корхонае, ки соҳибкорони Русия сармоягузорӣ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи "Баркат-Исфара", ки дар шимоли Тоҷикистон ба коркарди меваи хушк машғул аст, маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ содир мекунад
2022-04-17T14:00+0500
2022-04-17T14:00+0500
2022-04-18T13:51+0500
дар тоҷикистон
исфара
саноат
кишоварзӣ
мева
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102774/21/1027742192_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_ca2042f67a4171db347cc2f50bb87b4e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Суғд аз корхонаи "Баракат-Исфара" боздид кард. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Русия фаъолият мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуотbи раисҷумҳури Тоҷикистон, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои кишвар мебошад. Дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи тавлиди маҳсулоти қаннодӣ ифтитоҳ шуд.Манбаъ афзуд, ки феълан маҳсулоти "Баракат-Исфара" дар Русия, Қазоқистон, Русия, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. "Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.Зикр гардид, ки барои рақобатпазир нигоҳ доштани маҳсулот ва ҳифзи он дар корхонаи "Баракат-Исфара" озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20220417/rahmon-isfara-korgoh-poyafzol-iftitoh-1047712023.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102774/21/1027742192_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_b9a2413f6aa40d48488634c45f711204.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баракат, исфара, мева, ширинӣ, тавлид
баракат, исфара, мева, ширинӣ, тавлид
Боздиди Раҳмон аз корхонае, ки соҳибкорони Русия сармоягузорӣ кардаанд
14:00 17.04.2022 (Навсозишуда: 13:51 18.04.2022) Корхонаи "Баракат-Исфара", ки дар шимоли Тоҷикистон ба коркарди меваи хушк машғул аст, маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ содир мекунад
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Суғд аз корхонаи "Баракат-Исфара" боздид кард. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Русия фаъолият мекунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотbи раисҷумҳури Тоҷикистон, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои кишвар мебошад. Дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи тавлиди маҳсулоти қаннодӣ ифтитоҳ шуд.
Манбаъ афзуд, ки феълан маҳсулоти "Баракат-Исфара" дар Русия, Қазоқистон, Русия, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
"Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.
Зикр гардид, ки барои рақобатпазир нигоҳ доштани маҳсулот ва ҳифзи он дар корхонаи "Баракат-Исфара" озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст.