https://sputnik.tj/20220417/isfara-hamkori-uzbekiston-metal-1047714256.html
"Тамохуш"-и Исфара дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон тавлиди металро зиёд кард
"Тамохуш"-и Исфара дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон тавлиди металро зиёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи "Тамохуш"-и шаҳри Исфара дар баробари истифодаи захоири конҳои Тоҷикистон вуруди маъдан аз ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ ба роҳ мондаст
2022-04-17T13:00+0500
2022-04-17T13:00+0500
2022-04-18T14:37+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
исфара
коркард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/81/1029518193_0:414:1920:1494_1920x0_80_0_0_d4420b7e552aeb8d8a76e04503b6fd0c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. "Тамохуш" дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо мусоидати ҳукумат корхона бо ширкатҳои "Евраз-Холдинг" ва корхонаи металлургии "Олмалиқ"-и Ӯзбекистон дар самти хариду коркарди маъдани дорои металл ва шлакҳои металлургиро ба роҳ мондааст.Манбаъ афзуд, ки дар пайи ҳамкорӣ бо ҷониби Ӯзбекистон ва коркарди маъдани кӯҳии дорои сурб дар корхона тавлиди 5 намуди маҳсулоти нави металӣ роҳандозӣ гардид. Маҳсулоти истеҳсолшаванда барои содирот буда, металлҳои тавлидшуда дар "Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" корхонаи ва "Анзоб" барои ғанигардонии консентрати сурма ба кор бурда мешаванд. Хокаи купороси мис ва купороси руҳ, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд, феълан дар худи корхона тавлид мегарданд. Дар мавриди ҳамкорӣ бо ширкати "Евраз холдинг" хабар дода шуд, аз шлаки металургӣ махсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол карда мешавад, ки дар таркиби худ металли оксиди оҳан дорад. Ин навъи маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегарданд. Эҳёи фаъолияти "Тамохуш" дар ҳолест, ки ин корхона аз иқтидори калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ буда, дар аҳди шӯравӣ ба истеҳсоли филизоти камёфт ва нодир машғул буд. Чунин корхона дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ камшумор, танҳо ду адад буд, аммо тайи солҳои охир иқтидори корхона истифода намегардид. Дар пайи азнавсозии корхона дар масоҳати 23 гектар феълан 100 нафар коргару мутахассис ба кор таъмин шуда, масъулин ният доранд, фаъолияти онро густариш диҳанд.
https://sputnik.tj/20220417/tuhfa-prezident-yatimon-isfara-konibodom-1047713171.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/81/1029518193_0:88:1920:1528_1920x0_80_0_0_4a8cfaa4cdb8b27cdaad3bd2b9b40e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, метал, тавлид
таҳким, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, метал, тавлид
"Тамохуш"-и Исфара дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон тавлиди металро зиёд кард
13:00 17.04.2022 (Навсозишуда: 14:37 18.04.2022) Корхонаи "Тамохуш"-и шаҳри Исфара дар баробари истифодаи захоири конҳои Тоҷикистон вородти маъдан аз ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. "Тамохуш" дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо мусоидати ҳукумат корхона бо ширкатҳои "Евраз-Холдинг" ва корхонаи металлургии "Олмалиқ"-и Ӯзбекистон дар самти хариду коркарди маъдани дорои металл ва шлакҳои металлургиро ба роҳ мондааст.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи ҳамкорӣ бо ҷониби Ӯзбекистон ва коркарди маъдани кӯҳии дорои сурб дар корхона тавлиди 5 намуди маҳсулоти нави металӣ роҳандозӣ гардид.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда барои содирот буда, металлҳои тавлидшуда дар "Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" корхонаи ва "Анзоб" барои ғанигардонии консентрати сурма ба кор бурда мешаванд.
Хокаи купороси мис ва купороси руҳ, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд, феълан дар худи корхона тавлид мегарданд.
Дар мавриди ҳамкорӣ бо ширкати "Евраз холдинг" хабар дода шуд, аз шлаки металургӣ махсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол карда мешавад, ки дар таркиби худ металли оксиди оҳан дорад. Ин навъи маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегарданд.
Эҳёи фаъолияти "Тамохуш" дар ҳолест, ки ин корхона аз иқтидори калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ буда, дар аҳди шӯравӣ ба истеҳсоли филизоти камёфт ва нодир машғул буд.
Чунин корхона дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ камшумор, танҳо ду адад буд, аммо тайи солҳои охир иқтидори корхона истифода намегардид.
Дар пайи азнавсозии корхона дар масоҳати 23 гектар феълан 100 нафар коргару мутахассис ба кор таъмин шуда, масъулин ният доранд, фаъолияти онро густариш диҳанд.