https://sputnik.tj/20220417/barnoma-qabul-ijro-naqsha-isfara-amali-1047724822.html
Барномаҳо қабул мешаванду иҷро не: Кадом нақшаҳо дар Исфара амалӣ нагардиданд?
Барномаҳо қабул мешаванду иҷро не: Кадом нақшаҳо дар Исфара амалӣ нагардиданд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара, ҳамагӣ 19%-и лоиҳаҳое, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда шуданд
2022-04-17T20:20+0500
2022-04-17T20:20+0500
2022-04-18T12:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нақша
амал
иҷро
исфара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ff38d4e6c94bb5aa54cfc99f6c898ce.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара хостори чораандешии бештар барои татбиқи барномаю нақшаҳои қабулгардида шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Исфараро зикр кардааст, ки дар давоми як соли татбиқи он ҳамагӣ 19%-и лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардидаанд.Дар 50%-и лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31%-и кор умуман оғоз нашудаст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ ҳамчунин аз сатҳи пасти иҷроиши барномаҳои соҳавӣ низ интиқод карда, Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020-ро зикр намудааст. Раҳмон хотиррасон намуд, ки дар доираи татбиқи ин барнома таъсиси 19 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ пешбинӣ шуда буд, вале то ҳол танҳо 2 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил гардидааст."Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018-2022 то ба имрӯз ҳамагӣ 41 фоиз таъмин шудааст", - таъкид кард Раҳмон. Вай ҳамчунин аз саноатикунонии босуръат зикр карда, камбудиҳои ҷойдошта дар ин бахшро низ баён доштаст. Аз ҷумла ӯ гуфт, соли 2021 дар шаҳр ҳамагӣ 6 коргоҳ бо 33 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш наёфтааст. "Дар ин давра аз 53 корхонаи саноатии шаҳр 46 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,6 фоиз зиёд буда, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди саноати кишвар бамаротиб кам мебошад", - афзуд ӯ. Раисҷумҳур масъулинро муваззаф кардааст, ки барои иҷрои босифату саривақтии барномаҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
https://sputnik.tj/20220417/tillo-tojikiston-rahmon-qoida-rioya-1047724249.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_891166ac14bb6fe341ba7bad3acc216e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, исфара, корхона, амалӣ, нақша
нақша, исфара, корхона, амалӣ, нақша
Барномаҳо қабул мешаванду иҷро не: Кадом нақшаҳо дар Исфара амалӣ нагардиданд?
20:20 17.04.2022 (Навсозишуда: 12:06 18.04.2022) Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара ҳамагӣ 19%-и лоиҳаҳое, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара хостори чораандешии бештар барои татбиқи барномаю нақшаҳои қабулгардида шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Исфараро зикр кардааст, ки дар давоми як соли татбиқи он ҳамагӣ 19%-и лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардидаанд.
Дар 50%-и лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31%-и кор умуман оғоз нашудаст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ҳамчунин аз сатҳи пасти иҷроиши барномаҳои соҳавӣ низ интиқод карда, Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020-ро зикр намудааст.
Раҳмон хотиррасон намуд, ки дар доираи татбиқи ин барнома таъсиси 19 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ пешбинӣ шуда буд, вале то ҳол танҳо 2 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил гардидааст.
"Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018-2022 то ба имрӯз ҳамагӣ 41 фоиз таъмин шудааст", - таъкид кард Раҳмон.
Вай ҳамчунин аз саноатикунонии босуръат зикр карда, камбудиҳои ҷойдошта дар ин бахшро низ баён доштаст. Аз ҷумла ӯ гуфт, соли 2021 дар шаҳр ҳамагӣ 6 коргоҳ бо 33 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш наёфтааст.
"Дар ин давра аз 53 корхонаи саноатии шаҳр 46 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,6 фоиз зиёд буда, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди саноати кишвар бамаротиб кам мебошад", - афзуд ӯ.
Раисҷумҳур масъулинро муваззаф кардааст, ки барои иҷрои босифату саривақтии барномаҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.