Сафорат гуфт, киҳо аз Тоҷикистон метавонанд аз роҳи заминӣ вориди Русия шаванд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Граница между Кыргызстаном и Казахстаном
Граница между Кыргызстаном и Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Вуруд ба Русия аз тариқи масирҳои заминӣ барои ҳама дастрас набуда, танҳо афроди алоҳида бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима метавонанд марзро убур кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон вобаста ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия тавассути масирҳои заминӣ изҳори назар кард.
Ба иттилои манбаъ, қарори Комиссияи байниидоравии Қазоқистон оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус аз 11 апрели соли равон баҳри бардоштани маҳдудиятҳо барои убури сарҳади давлатии Қазоқистон бо Русия, Узбакистон ва Қирғизистон тартиби вуруд/хуруҷ ба Қазоқистонро муайян мекунад.
Дар баробари ин қарори мазкур ба тартиби вуруд/хуруҷ ба Русия, ки Хадамоти сарҳадии ФСБ-и Русия дар сарҳади заминӣ бо Қазоқистон истифода мебарад, таъсир намерасонад, изҳор доштааст сафонат дар сафҳаи "Telegram"-аш.
Таъкид шудааст, ки тибқи ин фармон, вуруди озод ба Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марз бо Қазоқистон танҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон боз аст.

"Гузариши шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Қазоқистон ба Русия танҳо дар баъзе мавридҳо дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагии ҳуҷҷатӣ барои вуруд тибқи тартиби муқарраршуда имконпазир аст", - афзуд манбаъ.

Ҳамин тариқ ҳоло ба Русия танҳо афроде ворид шуда метавонанд, ки ягон хешовандашон шаҳрвандии ин кишварро дораду дар он ҷой зиндагӣ мекунад, ворид шудан ба хешовандони наздики бемороне, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, инчунин иштирокдорони Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон низ аз имкон бархурдоранд.
Барои ҷилавгирӣ аз нофаҳмиҳо сафорат ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асноди муътамади тасдиқкунанда ва шаҳрвандии Русияро доранд, барои вуруд ба Русия аз марзи заминии Қазоқистон метавонанд истифода кунанд.
Лентаи хабарҳо
0