https://sputnik.tj/20220416/rusiya-gurezahoro-kharkov-1047704504.html
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Sputnik Тоҷикистон
Як корвони автобусҳо бо гурезаҳо ва ҳамроҳии низомиён ва техникаи ҳарбии Русия ба вилояти Белгород омаданд. Миёни онҳо занони ҳомила ва пиронсолон ҳастанд
2022-04-16T18:40+0500
2022-04-16T18:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
вазорати дифои русия
наҷот
амалиёт
гурезаҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/10/1047697299_0:150:3109:1899_1920x0_80_0_0_4d88eb8f06372d99a1670438f1eb3778.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Сарбозони Вазорати дифои Русия нахустин гурӯҳи паноҳандагонро аз "Изюм"-и Украина берун оварданд.Аз вилояти Харков наздики 100 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак тахлия карда шуданд. Корвони автобусҳо бо ҳамроҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва техника тавассути гузаргоҳи автомобилии Вериговка-Чугуновка ба вилояти Белгород омад. Дар қаламрави Украина то сарҳад корвонро мошинҳои пулиси низомӣ ва чархболҳои Русия ҳамроҳӣ мекарданд. Дар автобусҳо аксаран бонувон, аз ҷумла занони ҳомила, кӯдакон ва пиронсолон буданд, баъзеҳо ҳайвоноти хонагӣ низ доштанд. Ихтиёриён дар қаламрави Русия гурезаҳоро пешвоз гирифта, онҳоро бо ғизо ва нӯшокиҳои гарм таъмин карданд. Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса кормандони тиб навбатдор буданд, яке аз пиронсолон ба кумаки онҳо ниёз дошт – бемор буд. Ба гуфтаи мардум, Изюмро нерӯҳои Украина пайваста тирборон мекунанд, аз ин рӯ вазъ ҳам дар шаҳр ва ҳам дар атрофи он хеле хатарнок аст. Феълан гурезагон дар марказҳои иқоматгоҳи муваққатӣ дар Белгород ҷойгир шудаанд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номидАммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
https://sputnik.tj/20220416/ukraina-donetsk-otash-1047697303.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/10/1047697299_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_6d878981e4944ac95653ed84fcc48814.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, вижа, русия, украина, гурезаҳо
амалиёт, вижа, русия, украина, гурезаҳо
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
18:40 16.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Як корвони автобусҳо бо гурезаҳо, ҳамроҳи низомиён ва техникаи ҳарбии Русия ба вилояти Белгород омад. Миёни онҳо занони ҳомила ва пиронсолон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Сарбозони Вазорати дифои Русия нахустин гурӯҳи паноҳандагонро аз "Изюм"-и Украина берун оварданд.
Аз вилояти Харков наздики 100 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак тахлия карда шуданд.
Корвони автобусҳо бо ҳамроҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва техника тавассути гузаргоҳи автомобилии Вериговка-Чугуновка ба вилояти Белгород омад.
Дар қаламрави Украина то сарҳад корвонро мошинҳои пулиси низомӣ ва чархболҳои Русия ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар автобусҳо аксаран бонувон, аз ҷумла занони ҳомила, кӯдакон ва пиронсолон буданд, баъзеҳо ҳайвоноти хонагӣ низ доштанд.
Ихтиёриён дар қаламрави Русия гурезаҳоро пешвоз гирифта, онҳоро бо ғизо ва нӯшокиҳои гарм таъмин карданд.
Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса кормандони тиб навбатдор буданд, яке аз пиронсолон ба кумаки онҳо ниёз дошт – бемор буд.
Ба гуфтаи мардум, Изюмро нерӯҳои Украина пайваста тирборон мекунанд, аз ин рӯ вазъ ҳам дар шаҳр ва ҳам дар атрофи он хеле хатарнок аст.
Феълан гурезагон дар марказҳои иқоматгоҳи муваққатӣ дар Белгород ҷойгир шудаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.