https://sputnik.tj/20220416/muhojiron-tojik-shahrvandi-rusiya-duvum-1047697704.html
Муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани шаҳрвандии Русия дувум шуданд
Муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани шаҳрвандии Русия дувум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷолиб боқӣ мемонад. Ҳиссаи онҳо дар шумораи умуӣ аз аввали сол - 97,2% -ро ташкил дод
2022-04-16T14:50+0500
2022-04-16T14:50+0500
2022-04-18T18:18+0500
муҳоҷират
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/90/1022399046_1:0:1400:787_1920x0_80_0_0_0b1eb1b799e083ae82acd0254ba111f7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз дигарон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Танҳо шаҳрвандони Украина аз тоҷикон дар гирифтани шиносномаи Русия пеш гузаштаанд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад. Тавре дар ин раёсат қайд шудааст, шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ раванди ҷолиб боқӣ мемонад, ки ҳиссаи онҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 97,2% ё 137,7 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тасмими русиягӣ шуданро гирифтаанд, 23,9 дарсадро ташкил додаанд. Ҳиссаи сокинони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар аст: 8% шаҳрвандони Қазоқистон, 4,7% - Ӯзбекистон, 3,6% - Қирғизистон. Қобили зикр аст, ки чунин вазъият дар охири соли 2021 ба вуҷуд омад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи шумораи онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, дар ҷои дуюм қарор доранд. Бештар аз ҳама соли гузашта ҳам сокинони Украина шаҳрвандӣ гирифтаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2021 735 000 шаҳрванди хориҷӣ русиягӣ шудаанд.Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ раванди афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, сабт мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират ҷонибдори то ҳадди аксар содда кардани расмиёти барномаи кӯчонидани аҳолӣ ба Русия шуд. Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйиротВай ба зарурати таваҷҷуҳ ба масъалаи донистани забони русӣ, ба масъалаи механизмҳое, ки имкон медиҳад, ин донишҳо баҳогузорӣ шавад, ҳамчунин масъалаи аз имтиҳон озод кардани шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки забони русӣ барои онҳо забони модариашон аст, таъкид кард.
https://sputnik.tj/20220415/medvedev-khadamot-davlati-elektroni-1047681810.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/90/1022399046_209:0:1258:787_1920x0_80_0_0_f702fc5373bafed5aa730de8b4eba77a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирони тоҷик, шаҳрвандии русия
муҳоҷирони тоҷик, шаҳрвандии русия
Муҳоҷирони тоҷик дар гирифтани шаҳрвандии Русия дувум шуданд
14:50 16.04.2022 (Навсозишуда: 18:18 18.04.2022) Шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷолиб боқӣ мемонад. Ҳиссаи онҳо дар шумораи умумӣ аз аввали сол 97,2% -ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз дигарон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Танҳо шаҳрвандони Украина аз тоҷикон дар гирифтани шиносномаи Русия пеш гузаштаанд.
Дар ин бора ТАСС бо такя ба маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад.
Тавре дар ин раёсат қайд шудааст, шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ раванди ҷолиб боқӣ мемонад, ки ҳиссаи онҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 97,2% ё 137,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тасмими русиягӣ шуданро гирифтаанд, 23,9 дарсадро ташкил додаанд.
Ҳиссаи сокинони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар аст: 8% шаҳрвандони Қазоқистон, 4,7% - Ӯзбекистон, 3,6% - Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки чунин вазъият дар охири соли 2021 ба вуҷуд омад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи шумораи онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, дар ҷои дуюм қарор доранд.
Бештар аз ҳама соли гузашта ҳам сокинони Украина шаҳрвандӣ гирифтаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2021 735 000 шаҳрванди хориҷӣ русиягӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ раванди афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, сабт мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират ҷонибдори то ҳадди аксар содда кардани расмиёти барномаи кӯчонидани аҳолӣ ба Русия шуд.
Вай ба зарурати таваҷҷуҳ ба масъалаи донистани забони русӣ, ба масъалаи механизмҳое, ки имкон медиҳад, ин донишҳо баҳогузорӣ шавад, ҳамчунин масъалаи аз имтиҳон озод кардани шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки забони русӣ барои онҳо забони модариашон аст, таъкид кард.