https://sputnik.tj/20220416/javon-tojik-tajovuz-turkmandukhtar-zindon-1047705982.html
Ҷавони тоҷик барои қасди таҷовузи туркмандухтар равонаи зиндон шуд
Ҷавони тоҷик барои қасди таҷовузи туркмандухтар равонаи зиндон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини шаҳри Бохтарро барои сӯйиқасд бар таҷовузи шаҳрванди хориҷие ҳукм гирифт. Барои ин амал ӯ ҳамакнун дар зиндон менишинад ва ҳамзамон ҷарима пардохт хоҳад кард
2022-04-16T20:10+0500
2022-04-16T20:10+0500
2022-04-18T15:29+0500
дар тоҷикистон
қарори додгоҳ
зиндон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/66/1026396661_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_b657c6b290663d91f536dfc0547d0357.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бохтар шаҳрванд Раҳмонзода Маъруф Рамазонро бо ҷурми қасд ба таҷовуз кардан равонаи зиндон намудааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшуда шаби 23 ба 24 январи соли 2022 дар ҳолати мастӣ ҳамроҳи рафиқонаш Зиёев Ҳ., Самиев К. ва Раупов Н., аз шаҳри Бохтар бо мақсади сайругашти шабона ба шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи шахсиаш равон шудааст.Дар роҳ Раҳмонзода шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон Керимова Айгул Джангелдиевнаро, ки ҳамчун пешхидмати тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар кор мекарду ӯ мешинохташ, дида, ӯро барои сайругашт ба шаҳри Душанбе даъват карда, муътақидаш намудааст, ки худи ҳамон шаб боз ба хонааш оварда мерасонад.Ҷавон духтарро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, дар ҳолати мастӣ, автомашинаро дар торикие нигоҳ дошта, аз набудани рафиқонаш истифода карда, хостааст, ба номуси Айгул Керимова таҷовуз кунад.Аммо духтар муқобилият нишон дода фиғон мекашад, ки дар ин ҳол Раҳмонзода аз ғояти тарс кирдорашро амалӣ карда наметавонад.Дар пайи ин ҳодиса номбурда боздошт ва бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.Ҳамин тариқ бо дастрасии моддаҳои мазкур суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо тадбиқи моддаи 71-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сол муҳлати санҷишӣ ва бо ҷазои ҷарима ба маблағи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.
https://sputnik.tj/20220414/hukm-javone-kushtor-zan-sabukpo-vahdat-1047643311.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/66/1026396661_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_daaaee491e5aa5b042a9203ac3a682c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавон тоҷик қасд таҷовуз туркмандухтар зиндон
ҷавон тоҷик қасд таҷовуз туркмандухтар зиндон
Ҷавони тоҷик барои қасди таҷовузи туркмандухтар равонаи зиндон шуд
20:10 16.04.2022 (Навсозишуда: 15:29 18.04.2022) Як сокини шаҳри Бохтар барои қасди таҷовуз ба шаҳрванди хориҷие ҳукм гирифт. Барои ин амал ӯ ҳамакнун дар зиндон менишинад ва ҳамзамон ҷарима пардохт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бохтар шаҳрванд Раҳмонзода Маъруф Рамазонро бо ҷурми қасд ба таҷовуз кардан равонаи зиндон намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшуда шаби 23 ба 24 январи соли 2022 дар ҳолати мастӣ ҳамроҳи рафиқонаш Зиёев Ҳ., Самиев К. ва Раупов Н., аз шаҳри Бохтар бо мақсади сайругашти шабона ба шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи шахсиаш равон шудааст.
Дар роҳ Раҳмонзода шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон Керимова Айгул Джангелдиевнаро, ки ҳамчун пешхидмати тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар кор мекарду ӯ мешинохташ, дида, ӯро барои сайругашт ба шаҳри Душанбе даъват карда, муътақидаш намудааст, ки худи ҳамон шаб боз ба хонааш оварда мерасонад.
Ҷавон духтарро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, дар ҳолати мастӣ, автомашинаро дар торикие нигоҳ дошта, аз набудани рафиқонаш истифода карда, хостааст, ба номуси Айгул Керимова таҷовуз кунад.
Аммо духтар муқобилият нишон дода фиғон мекашад, ки дар ин ҳол Раҳмонзода аз ғояти тарс кирдорашро амалӣ карда наметавонад.
Дар пайи ин ҳодиса номбурда боздошт ва бо моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.
Ҳамин тариқ бо дастрасии моддаҳои мазкур суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо тадбиқи моддаи 71-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сол муҳлати санҷишӣ ва бо ҷазои ҷарима ба маблағи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.