Ҷабборов гуфтааст, ки раванди мувофиқаи марзҳо бо Тоҷикистон суст пеш меравад

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Презиленти Қирғизистон итминон дорад, ки мушкилро ба манфиати ду ҷониб, бо сулҳ ҳал кардан мумкин аст ва шарҳ додааст, ки чаро тақсимоти марз суст пеш меравад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки раванди тавофуқ кардани марз бо Тоҷикистон кунд аст.
Вай ёдовар шуд, ки дарозии умумии марзи муштарак 972 километрро ташкил медиҳад, ки 664 километри он мувофиқа шудааст.
Президенти Қирғизистон гуфтааст, ки сабаби асосии суст пеш рафтани мувофиқаҳо дар тақсимоти марз зиёд будани минтақаҳои баҳсбарангез аст.

"308 километри дигар боқӣ мондааст. Албатта, хуб мешуд, ки раванди тасвиб тезтар сурат мегирифт. Ба назари ман, он суст пеш меравад. Ин ба он вобаста аст, ки минтақаҳои баҳсбарангез зиёданд. Муҳимтар аз ҳама сулҳ аст. Агар лозим бошад, мо метавонем ҳама чизро ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал кунем”, - навиштааст Ҷабборов.

Ёдрас менамоем, ки шаби 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои аташфишон сурат гирифт.
Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар зад.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшинос сабабҳои даргириҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона он шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмӣ гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захмиро бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чанд низомӣ ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0