https://sputnik.tj/20220416/dushanbe-mujassamai-olim-sharqshinos-rus-1047695948.html
Дар Душанбе лавҳаи хотиравии олим ва шарқшиноси рус кушода шуд
Дар Душанбе лавҳаи хотиравии олим ва шарқшиноси рус кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Михаил Андреев дипломат ва шарқшиноси рус ва шӯравӣ, муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, этнограф буд, ки корҳои арзишмандеро анҷом додааст
2022-04-16T12:17+0500
2022-04-16T12:17+0500
2022-04-16T12:20+0500
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/10/1047695171_0:0:2560:1441_1920x0_80_0_0_443cb50e9f68e3589ea981d81fbe76e1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон дар қабристони марказии шаҳр лавҳаи хотиравии дипломати рус ва шӯравӣ, шарқшинос Михаил Андреев кушода шуд. Михаил Степанович Андреев - дипломат ва шарқшиноси рус ва шӯравӣ, муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, этнограф ва забоншинос, бостоншинос буд. Номбурда Ходими илмии маданияти халқи тоҷик, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон буд.Қабри Михаил Андреев пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ 18 августи соли 2021аз ҷониби муаррих ва рӯзноманигори маҳаллӣ Ғафур Шерматов пайдо шуд. Дар маросими ифтитоҳи лавҳаи хотиравӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, фармондеҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон Евгений Ковилин, намояндагони ҷомеаи илмии пойтахт ширкат доштанд.Ба гуфтаи ӯ, Андреев барои таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои зиёде кардаву инчунин дар ташаккули давлати ҷавони тоҷикон саҳм гузоштааст. Ӯ на танҳо ба илм, балки ба фаъолияти дипломатӣ низ машғул буд, солҳои зиёд дар Ҳиндустон, Афғонистон, Туркистони Шарқӣ кор кардааст. Лякин-Фролов афзуд, Михаил Андреев дар экспедитсияҳо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дастури Вазорати корҳои хориҷии Русияи подшоҳӣ ва Иттиҳоди ҷуғрофии Русияро иҷро мекард ва инчунин ба ҳайати генералии империяи Русия робита дошт.Сафири Федератсияи Русия ба Шерматов барои пайдо кардани қабр изҳори сипос кард. "Ба шарофати ин гуна одамон саҳифаҳои фаромӯшнашавандаи таърих боқӣ мемонанд, мо бояд чунин одамонро ба ёд орем. Ин ҷой бояд шоҳиди он ихтироот ва асарҳои барҷастаи Михаил Степанов бошад",- гуфт Лякин-Фролов.Хизматщои илмии Андреев, кори бисёрсолаи ӯ дар филиалҳои тоҷикию ӯзбекии Академиям Фанхои СССР баҳои баланд дода шуд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/10/1047695171_53:0:2329:1707_1920x0_80_0_0_c574f0a6592cd556dd612be67b1c45ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе лавҳа хотиравӣ олим шарқшинос рус
душанбе лавҳа хотиравӣ олим шарқшинос рус
Дар Душанбе лавҳаи хотиравии олим ва шарқшиноси рус кушода шуд
12:17 16.04.2022 (Навсозишуда: 12:20 16.04.2022) Михаил Андреев дипломат ва шарқшиноси рус ва шӯравӣ, муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, этнограф буд, ки корҳои арзишмандеро анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон дар қабристони марказии шаҳр лавҳаи хотиравии дипломати рус ва шӯравӣ, шарқшинос Михаил Андреев кушода шуд.
Михаил Степанович Андреев - дипломат ва шарқшиноси рус ва шӯравӣ, муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, этнограф ва забоншинос, бостоншинос буд.
Номбурда Ходими илмии маданияти халқи тоҷик, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон буд.
Қабри Михаил Андреев пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ 18 августи соли 2021аз ҷониби муаррих ва рӯзноманигори маҳаллӣ Ғафур Шерматов пайдо шуд.
Дар маросими ифтитоҳи лавҳаи хотиравӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, фармондеҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон Евгений Ковилин, намояндагони ҷомеаи илмии пойтахт ширкат доштанд.
"Андреев дар рушди фарҳанги миллӣ ва ташаккули системаи маорифи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Шарқшинос ва мардумшиноси барҷаста, ки бо бисёр забонҳо ва лаҳҷаҳои шарқ огаҳӣ дошт, таҳқиқоти боарзиши этнографии саҳроӣ анҷом додааст", - гуфт сафири Русия Игор Лякин-Фролов дар расми кушоди мучассама.
Ба гуфтаи ӯ, Андреев барои таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳои зиёде кардаву инчунин дар ташаккули давлати ҷавони тоҷикон саҳм гузоштааст.
Ӯ на танҳо ба илм, балки ба фаъолияти дипломатӣ низ машғул буд, солҳои зиёд дар Ҳиндустон, Афғонистон, Туркистони Шарқӣ кор кардааст.
Лякин-Фролов афзуд, Михаил Андреев дар экспедитсияҳо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дастури Вазорати корҳои хориҷии Русияи подшоҳӣ ва Иттиҳоди ҷуғрофии Русияро иҷро мекард ва инчунин ба ҳайати генералии империяи Русия робита дошт.
"Ӯ роҳбари як қатор экспедитсияҳо дар Осиёи Миёна ва сайёҳ, шахси ҳамаҷониба, пеш аз ҳама олим буд. Асари бунёдии ӯ "Тоҷикон дар водии Хум" аввалин таҳқиқоти густурдаи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик буд", — гуфт дипломати рус.
Сафири Федератсияи Русия ба Шерматов барои пайдо кардани қабр изҳори сипос кард.
"Ба шарофати ин гуна одамон саҳифаҳои фаромӯшнашавандаи таърих боқӣ мемонанд, мо бояд чунин одамонро ба ёд орем. Ин ҷой бояд шоҳиди он ихтироот ва асарҳои барҷастаи Михаил Степанов бошад",- гуфт Лякин-Фролов.
Хизматщои илмии Андреев, кори бисёрсолаи ӯ дар филиалҳои тоҷикию ӯзбекии Академиям Фанхои СССР баҳои баланд дода шуд.