https://sputnik.tj/20220415/sabab-laghv-parad-nizomi-1047674575.html
Вазорати дифои Қазоқистон сабаби лағви гузашти низомӣ дар Рӯзи Ғалабаро гуфт
Вазорати дифои Қазоқистон сабаби лағви гузашти низомӣ дар Рӯзи Ғалабаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Қазоқистон лағви гузашти низомиро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шарҳ дод.
2022-04-15T16:41+0500
2022-04-15T16:41+0500
2022-04-15T18:06+0500
қазоқистон
рӯзи ғалаба
гузашти низомӣ
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047611687_6:0:1018:569_1920x0_80_0_0_9ea9c6d810c8393208ab8291908c50a5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазорати дифои Қазоқистон лағви гузашти низомиро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсиси қувваҳои иусаллаҳи ин ҷумҳурӣ шарҳ дод.Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, чаро дар Қазоқистон ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан, ки 7 май таҷлил мешавад ва Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ паради анъанавӣ баргузор намешавад, менависад Sputnik Қазоқистон.Манбаъ афзуда, ки нигоҳ доштани сатҳи зарурии омодагии ҷангӣ, ҳаракати воҳидҳои мусаллаҳи нерӯҳои Қазоқистон барои иҷрои вазифаҳои ҳифозатӣ ва дифоии иншооти давлатию ҳарбӣ афзалият дорад.Ба ҷои гузашти низомӣ дар ин кишвар чорабиниҳои ҳарби-ватандӯстӣ, ки ба баланд бардоштани обрӯю эътибори хидмати ҳарбӣ мусоидат менамоянд, авлавият доранд.Илова бар ин барои гиромидошти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон як қатор чорабиниҳои алоҳида дар назар аст. Қазоқистон аз баргузор кардани гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба даст кашидОхирин гузашти низомӣ дар Қазоқистон соли 2018 баргузор шуда буд.Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ин кишвар бинобар авҷи бемории коронавирус баргузории гузашти низомиро лағв карда буд. Чунин чорабинӣ маъмулан дар Қазоқистон дар давоми ду сол як бор сурат мегирад.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047611687_132:0:891:569_1920x0_80_0_0_a18736fc183f227cd803c97308bd1b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, рӯзи ғалаба, гузашти низомӣ, сабаб
қазоқистон, рӯзи ғалаба, гузашти низомӣ, сабаб
Вазорати дифои Қазоқистон сабаби лағви гузашти низомӣ дар Рӯзи Ғалабаро гуфт
16:41 15.04.2022 (Навсозишуда: 18:06 15.04.2022) Қазоқистон нерӯҳои масаллаҳашро на барои гузашти ҳарбӣ, балки барои ҳифз ва дифои иншооти давлатӣ ва ҳарбӣ омода мекунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазорати дифои Қазоқистон лағви гузашти низомиро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсиси қувваҳои иусаллаҳи ин ҷумҳурӣ шарҳ дод.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, чаро дар Қазоқистон ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан, ки 7 май таҷлил мешавад ва Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ паради анъанавӣ баргузор намешавад, менависад Sputnik Қазоқистон.
"Баргузории гузашти низомӣ дар Қазоқистон дар соли 2022 аз ҳисоби сарфаи буҷа ва ҳамчунин зарурати ҳалли дигар вазифаҳо ба нақша гирифта нашудааст", - омадааст дар изҳороти Вазорати дифоъ.
Манбаъ афзуда, ки нигоҳ доштани сатҳи зарурии омодагии ҷангӣ, ҳаракати воҳидҳои мусаллаҳи нерӯҳои Қазоқистон барои иҷрои вазифаҳои ҳифозатӣ ва дифоии иншооти давлатию ҳарбӣ афзалият дорад.
Ба ҷои гузашти низомӣ дар ин кишвар чорабиниҳои ҳарби-ватандӯстӣ, ки ба баланд бардоштани обрӯю эътибори хидмати ҳарбӣ мусоидат менамоянд, авлавият доранд.
Илова бар ин барои гиромидошти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон як қатор чорабиниҳои алоҳида дар назар аст.
Охирин гузашти низомӣ дар Қазоқистон соли 2018 баргузор шуда буд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ин кишвар бинобар авҷи бемории коронавирус баргузории гузашти низомиро лағв карда буд. Чунин чорабинӣ маъмулан дар Қазоқистон дар давоми ду сол як бор сурат мегирад.