Эълони роҳбандӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо баста мешаванд
22:35 15.04.2022 (Навсозишуда: 19:48 18.04.2022)
© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
© Sputnik
Обуна шудан
Дар Душанбе Рӯзи пойтахтро таҷлил мекунанд, бинобар ин бархе аз кӯчаҳои марказии шаҳр барои ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки фардо, 16 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт марафони анъанавии дав доир мешавад, ки дар робита ба он ҳаракати нақлиёт дар бархе аз онҳо маҳдуд хоҳад шуд.
Бино ба қарори Рустами Эмомалӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ - Ҳофизи Шерозӣ ва аз бурриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо хиёбони Рӯдакӣ то бурриши кӯчаи Бухоро, тибқи хатсайри замимагардида, маҳдуд мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти ҳаракат се соат- аз 08:00 то 11:00 сурат хоҳад гирифт.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафони ХII байналмилалӣ ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.
Рустами Эмомалӣ шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо низ муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрдорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611530 сомонӣ ҷудо кардааст.
Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки барои ҳар кадом аз барандагони ҷойҳои аввал миёни мардон ва занон ҷоизаҳои нақдии 554 ҳазору 600 сомонӣ, барои ҷойҳои дувум 46 ҳазору 800 сомонӣ, барои ҷойҳои савум 39000 ҳазор сомонӣ, барои ҷойҳои чаҳорум 31 ҳазору 200 сомонӣ, барои ҷойҳои панҷум 28 ҳазору 80 сомонӣ ва барои ҷойҳои шашум 23 ҳазору 400 сомонӣ мукофотпулӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.