https://sputnik.tj/20220415/daromadi-yaksolai-putin-malum-shud-1047688937.html
Даромади яксолаи Путин маълум шуд
Даромади яксолаи Путин маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Даромади Президенти Русия дар соли 2021 нисбат ба як соли қаблияш, қариб 260 ҳазор рубл зиёдтар будааст
2022-04-15T20:12+0500
2022-04-15T20:12+0500
2022-04-15T20:12+0500
владимир путин
дар русия
дороӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044440621_0:0:3143:1768_1920x0_80_0_0_d48e2c41484ac05452aa7da2344827ab.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Президенти Русия Путин дар соли 2021 даромади худро 10,2 миллион рубл эълон кард, ки нисбат ба як соли қабл тақрибан 200 ҳазор рубл зиёд аст. Ҳуҷҷати дахлдор дар вебсайти Кремл нашр шудааст.Мисли пештара, дар ин санад Путин як манзил бо масоҳати 77 метри мураббаъ ва гараж сабт шудааст. Ҳамзамон Путин дар истифодаи худ - як хонаи дигар бо масоҳати 153,7 метри мураббаъ бо майдони гаражи 18 метри мураббаъ дорад. Инчунин, ду мошин, ГАЗ М21 ва "Нива" ва як присеепи "Скиф" сабт намудааст.Дар соли 2019 даромади Путин 9 миллиону 726 миллион рублро ташкил медод ва дар соли 2018 даромади президенти Русия 8,688 миллион рублро ташкил медод.Дар соли 2020 Путин 9,994 миллион рубл, дар соли 2019 - 9,726 миллион ва дар соли 2018 - 8 миллиону 648 миллион рубл даромад доштааст.Дар соли 2017 даромади президент 18,7 миллион рублро ташкил дод. Сабаби афзоиши он фурӯхтани қитъаи замини 1,5 ҳазор метри мураббаъ будааст. Дар солҳои 2016 ва 2015 сарвари давлат 8,9 миллион рублӣ ва дар соли 2014 7 миллиону 654 миллион рубл даромад ба даст овардааст.Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар соли 2021 18,3 миллион рубл даромад доштааст, ки нисбат ба як соли пеш 1,5 миллион рубл камтар, гуфта мешавад дар эъломияи дар вебсайти ҳукумат нашршуда.Мишустин миёнаҳои моҳи январи соли 2020 раҳбарии ҳукуматро ба зима гирифт, ки қаблан Хадамоти федеролии андозро раҳбарӣ мекард.
https://sputnik.tj/20220309/putin-yake-az-afrodi-tavonotarin-dar-jahon-khonda-shud-1046633156.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044440621_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a27fd64ee6373bf8e03d2570c763c255.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даромад путин
Даромади яксолаи Путин маълум шуд
Даромади Президенти Русия дар соли 2021 нисбат ба як соли қаблияш, қариб 260 ҳазор рубл зиёдтар будааст
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Президенти Русия Путин дар соли 2021 даромади худро 10,2 миллион рубл эълон кард, ки нисбат ба як соли қабл тақрибан 200 ҳазор рубл зиёд аст. Ҳуҷҷати дахлдор дар вебсайти Кремл нашр шудааст.
Мисли пештара, дар ин санад Путин як манзил бо масоҳати 77 метри мураббаъ ва гараж сабт шудааст. Ҳамзамон Путин дар истифодаи худ - як хонаи дигар бо масоҳати 153,7 метри мураббаъ бо майдони гаражи 18 метри мураббаъ дорад. Инчунин, ду мошин, ГАЗ М21 ва "Нива" ва як присеепи "Скиф" сабт намудааст.
Дар соли 2019 даромади Путин 9 миллиону 726 миллион рублро ташкил медод ва дар соли 2018 даромади президенти Русия 8,688 миллион рублро ташкил медод.
Дар соли 2020 Путин 9,994 миллион рубл, дар соли 2019 - 9,726 миллион ва дар соли 2018 - 8 миллиону 648 миллион рубл даромад доштааст.
Дар соли 2017 даромади президент 18,7 миллион рублро ташкил дод. Сабаби афзоиши он фурӯхтани қитъаи замини 1,5 ҳазор метри мураббаъ будааст.
Дар солҳои 2016 ва 2015 сарвари давлат 8,9 миллион рублӣ ва дар соли 2014 7 миллиону 654 миллион рубл даромад ба даст овардааст.
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар соли 2021 18,3 миллион рубл даромад доштааст, ки нисбат ба як соли пеш 1,5 миллион рубл камтар, гуфта мешавад дар эъломияи дар вебсайти ҳукумат нашршуда.
Мишустин миёнаҳои моҳи январи соли 2020 раҳбарии ҳукуматро ба зима гирифт, ки қаблан Хадамоти федеролии андозро раҳбарӣ мекард.