https://sputnik.tj/20220415/asliha-rusiya-amaliyot-vizha-ukraina-video-1047692363.html
Чӣ гуна аслиҳаи асосии Русия дар амалиёти вижа дар Украина ҳадафро нест мекунад: видео
Чӣ гуна аслиҳаи асосии Русия дар амалиёти вижа дар Украина ҳадафро нест мекунад: видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия осоре аз коллонияҳои таҷҳизоти низомии артиши Украина нагузоштанд: онҳо ҳадафро ба таври воқеӣ ошкор кардаву зарбаи дақиқ заданд
2022-04-15T23:07+0500
2022-04-15T23:07+0500
2022-04-18T19:56+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691669_0:143:2031:1285_1920x0_80_0_0_2426bda66ca0edb725d3d050d3883ec5.png
Вазорати дифои Русия дар навори видеоӣ амалиёти як ҳавопаймои бесарнишинро намоиш дод. Хизматчиёни ҳарбӣ бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишин колоннаи техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, ки дар роҳ мерафт, зуд ошкор карданд.Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи амрикоии "The National Interest" ҳавопаймоҳои русиро аслиҳаи аслии Маскав дар амалиёти вижа дар Украина номид. Таҳлилгар Сэм Крэнни-Эванс таъкид кард, ки партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин пешрафти технологияи Русияро нишон медиҳад. Вазифаҳои асосии ҷангиро ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10" ва "Элерон-3" иҷро мекунанд. Ҳавопаймоҳо минтақаро дар сатҳи тактикӣ кашф мекунанд. Илова бар ин ҳавопаймоҳои бесарнишин оташи артиллерияро ислоҳ мекунанд ва ба нерӯҳо дар марш дастгирӣ мекунанд.Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашадЁдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номидАммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047691669_234:0:1947:1285_1920x0_80_0_0_c8871cd7c3909060eac3242c4eb2b001.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аслиҳа русия амалиёт вижа украина видео
аслиҳа русия амалиёт вижа украина видео
Чӣ гуна аслиҳаи асосии Русия дар амалиёти вижа дар Украина ҳадафро нест мекунад: видео
23:07 15.04.2022 (Навсозишуда: 19:56 18.04.2022) Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия осоре аз коллонияҳои таҷҳизоти низомии артиши Украина нагузоштанд: онҳо ҳадафро ба таври воқеӣ ошкор кардаву зарбаи дақиқ заданд
Вазорати дифои Русия дар навори видеоӣ амалиёти як ҳавопаймои бесарнишинро намоиш дод.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишин колоннаи техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, ки дар роҳ мерафт, зуд ошкор карданд.
"Самти ҳадафҳо дар вақти воқеӣ ба нуқтаи фармондеҳӣ интиқол дода шуданд ва пас аз он ба онҳо бо истифода аз силоҳи дақиқзан зарба зада шуд", - гуфт вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи амрикоии "The National Interest" ҳавопаймоҳои русиро аслиҳаи аслии Маскав дар амалиёти вижа дар Украина номид.
Таҳлилгар Сэм Крэнни-Эванс таъкид кард, ки партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин пешрафти технологияи Русияро нишон медиҳад.
Вазифаҳои асосии ҷангиро ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10" ва "Элерон-3" иҷро мекунанд. Ҳавопаймоҳо минтақаро дар сатҳи тактикӣ кашф мекунанд.
Илова бар ин ҳавопаймоҳои бесарнишин оташи артиллерияро ислоҳ мекунанд ва ба нерӯҳо дар марш дастгирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.