Муҷоҳид: Додгоҳи низомии мо “афроди судҷӯ” аз номи толибонро муҷозот кардааст

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Сухангӯи толибон мегӯяд, додгоҳи низомии ин гурӯҳ шуморе аз муҷримонеро, ки аз номи нерӯҳои толибон истифода мекарданд ва муртакиб ҷурм шуда буданд, муҷозот кардааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран дар баёнияе гуфт, ки 7 нафар ба иттиҳоми одамрабоӣ, як нафар бо ҷурми куштор ва як нафари дигар бо ҷурми тақаллубкорӣ маҳкум ба муҷҷозоти мухталиф, аз ҷумла зиндонӣ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол ӯ дар бораи муҷозоти ин афрод тавзеҳ надодааст.
Сухангӯи толибон гуфт, додгоҳи низомии ин гурӯҳ парвандаи афродеро баррасӣ мекунад, ки худро узви толибон эълон карда, баъдан даст ба ҷиноят мезаданду мардумро озор медоданд.
Ёдрас менамоем, ки нерӯҳои толибон дар куштори дастаҷамъӣ ва шиканҷаи афрод, аз ҷумла сарбозон ва кормандони ҳукумати собиқ муттаҳам мешаванд.
Мазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Вазорати хориҷаи толибон: Сафорати Афғонистон дар Маскав ба дипломатҳои мо супорид шуд
Гузориши ахири рӯзномаи “New York Times” нишон медиҳад, ки 490 сарбози собиқ ва кормандони давлатӣ дар шаш моҳи аввали баъд аз ба сари қудрат расидани толибон аз ҷониби ин гурӯҳ кушта ё нопадид шудаанд.
Қаблан Созмони Милали Муттаҳид низ бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки дастикам 100 корманди собиқи давлатӣ ва кормандони собиқи нерӯҳои амниятӣ аз сӯйи нерӯҳои толибон баъд аз ба сари қудрат расидан кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0