Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум кард ва хостори муҷозоти онҳо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ муноқишаи ахири марзиро баррасӣ ва талаб намуд, ки марзбонони кишвари ҳамсоя барои амалашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Пас аз муноқишаи ахири марзӣ ва ба тасвиб расидани се санад миёни сардорони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон, Вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар ҳам вобаста ба ҳамин мавзуъ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев рӯзи 13 апрел сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро шадидан маҳкум намуда, талаб намудаааст, ки ин ҳодисаи нохуш мунсифона таҳқиқ ва гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои се санад миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи ахири марзӣ
Ёдовар мешавем, ки тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.
Мақомоти Тоҷикистон таъйид карданд, ки дар пайи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як марзбони 27-солаи тоҷик баъд аз бардоштани ҷароҳатҳои сангин дар бемористон даргузашт.
Марҳум Зоир Саидумарови 27-сола мебошад, ки ҳанӯз баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва дар муноқишаи навбатӣ аз ноҳияи шикам ва китфаш захм бардошта, дар бемористон ҷон дод.
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
Бегоҳи 13 апрел, сардорони қӯшунҳои марзбонии КДАМ-и ҳар ду кишвар, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршеев се санадро ба тасвиб расонданд, ки тибқи ин ҳуҷҷатҳо, қувва ва воситаҳои иловагӣ ба ҷойи истиқрори қаблии худ баргардонда шуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳодисаи тирпаронии ахир ҷиддан, мунсифона таҳқиқ шавад ва омили сар задани он ошкор гардад.
Илова бар ин дар санад зикр шудааст, ки бо дарназардошти манофеи ҳар ду ҷониб бояд шароити обёрии заминҳо ва амнияти сокинони наздимарзӣ таъмин шавад.
Лентаи хабарҳо
0