Дар Хатлон барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон урдӯгоҳ сохтанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкБеженцы из Афганистана, архивное фото
Беженцы из Афганистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Бошишгоҳҳое, ки барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон сохта шудаанд, бо барқу об таъмин буда, дар дохили онҳо ошхона ва ҳаммом низ ҷо дода шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳамчун паноҳанда вориди Тоҷикистон гарданд, урдӯгоҳҳои муваққатӣ сохта шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, аз бошишгоҳҳои мазкур намояндагони Хазинаи макони зисти Оҷонсии Оқохон ва Раёсати СММ дар умури паноҳандагон дидан намуданд.
Гуфта мешавад, бошишгоҳҳои муваққатӣ дар деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд.
Манбаъ меафзояд, хориҷиёнро муовини раиси КҲФ, полковник Исозода ҳамроҳӣ намудааст.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Раҳмон бо намояндаи СММ аз паноҳандагону кумакрасонӣ ба Афғонистон гуфт
Тибқи маълумоти кумитаи мазкур, феълан 64 хаймаи чӯбкоришуда барои паноҳандагони эҳтимолии Афғонистон сохта шуда, ҳамаи онҳо бо нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин мебошанд. Илова бар ин дар дохили хаймаҳо ошхона ва ҳаммом низ ҷо дода шудааст.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умри хориҷии Тоҷикистон изҳор гуфта буд, ки дар қаламрави кишвар се ҳазор оилаи афғонистонӣ ва дар маҷмуъ 15 ҳазор гуреза ба сар мебарад.
Тасмими боздиди Комиссари олии паноҳандагони СММ аз Тоҷикистон
Тоҷикистон сохтори логистикии худро барои интиқоли борҳои башардӯстона, аз ҷумла 6 пулро дар сарҳад дар хидмат қарор додааст. Ба воситаи онҳо аллакай ба Афғонистон аввалин бастаи кумакҳо фиристода шудаанд.
Ба гуфтаи Сироҷиддини Муҳриддин, Тоҷикистон ба манотиқи шимоли Афғонистон ва Кобул интиқоли бевақфаи барқро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз тарафи толибон, рӯзи 15 август сели паноҳандагон аз Афғонистон берун шуд.
Аксари онҳо кӯшиш карданд, ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ баранд.
Лентаи хабарҳо
0