https://sputnik.tj/20220414/davati-jamiyathoi-tojikonu-qirghizho-khuddori-barkhurd-rusiya-1047640643.html
Даъвати ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз худдорӣ ба бархӯрдҳои ғайримуҷоз дар Русия
Даъвати ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз худдорӣ ба бархӯрдҳои ғайримуҷоз дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо дар Русия аз шаҳрвандони муҳоҷири ин кишварҳо дархост карданд, дар ҳиҷрат байни ҳам даргир нашаванд, ки аз тарафи мақомоти Русия ба таври ҷилдди муҷозот хоҳанд шуд
2022-04-14T14:10+0500
2022-04-14T14:10+0500
2022-04-14T18:10+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дархост
ҷамъият
дар русия
қирғиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:173:3099:1916_1920x0_80_0_0_8e3fb3148677559ef04c5d02673adc72.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ин созмонҳои ҷамъиятии ду кишвар дар Русия тайи як эъломияи муштарак аз муҳоҷирони тоҷику қирғиз дархост карданд, бо ҳам даргир нашванд, зеро чунин як иқдом дар хушбинонатарин ҳолат боиси ихроҷи онҳо аз Русия мегардад ва ин муҷибе садамаи бузурге ба сабади истеъмолие хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.Роҳбарони ин ду ҷамъият ёдрас кардаанд, муҳоҷиран ба Русия барои кор омадаанд, то оилаҳои худ — падару модарони солхӯрда, зану фарзандонашонро таъмин намоянд.“Худро аз имкони ба даст овардани даромад маҳрум накунед! Наздикони худро аз ин даромад маҳрум накунед”, - қайд кардаанд роҳбарони ҷамъиятҳо дар ин баёния.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имрӯзҳо барои Русия ва пойтахти ин кишвар амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, сулҳу осоиштагии байналмилалӣ хеле муҳим аст.“То андозае ин аз ҳар яки мо вобаста аст! Лутфан, агар шумо ягон амали иғвоангезеро мушоҳида кунед, ба мо хабар диҳед! Ин ба манфиати мост”, - таъкид кардаанд ҷамъиятҳо.Инчунин ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз роҳбарият ва мақомоти салоҳиятдори ду кишвар хостаанд, талош намоянд, ихтилофҳо ва масъалаҳои баҳсбарангезро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.“Мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дар тӯли асрҳо дар паҳлуи якдигар, дар фазои дӯстӣ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ мекарданд ва имрӯз бояд анъанаҳои қадимаи неки ҳамсоягӣ ва дӯстии ду мардуми бародар ҳифз шаванду идома ёбанд. Бигзор дар сарзамини мо сулҳ бошад!”, - зикр намудаанд дар як баёнияе роҳбарони ҷамъиятҳои ду кишвар.
https://sputnik.tj/20220402/ruza-muhojirat-posukh-shuro-suol-tojikiston-1047290884.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0b65c76ca586af01153276de5d00c01f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷамъият, муҳоҷирот, худдорӣ, ғайримқоз, бархӯрд
тоҷикистон, ҷамъият, муҳоҷирот, худдорӣ, ғайримқоз, бархӯрд
Даъвати ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз худдорӣ ба бархӯрдҳои ғайримуҷоз дар Русия
14:10 14.04.2022 (Навсозишуда: 18:10 14.04.2022) Ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо дар Русия аз шаҳрвандони муҳоҷири ин кишварҳо дархост карданд, дар ҳиҷрат байни ҳам даргир нашаванд, ки аз тарафи мақомоти Русия ба таври ҷиддӣ муҷозот хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ин созмонҳои ҷамъиятии ду кишвар дар Русия тайи як эъломияи муштарак аз муҳоҷирони тоҷику қирғиз дархост карданд, бо ҳам даргир нашванд, зеро чунин як иқдом дар хушбинонатарин ҳолат боиси ихроҷи онҳо аз Русия мегардад ва ин муҷибе садамаи бузурге ба сабади истеъмолие хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.
“Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз ҳама гуна иқдомоти иғвоангез, амалҳои беиҷозат ва вохӯриҳо даст кашед, аз даъватҳои гуногун ба аъмоли ғайримуҷоз ё ҷамъомад, аз даъватҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳо худдорӣ намоед. Амалҳоеро иҷро накунед, ки дар доираи ақли солим намеғунҷанд”, - гуфта шудааст дар ин баёния.
Роҳбарони ин ду ҷамъият ёдрас кардаанд, муҳоҷиран ба Русия барои кор омадаанд, то оилаҳои худ — падару модарони солхӯрда, зану фарзандонашонро таъмин намоянд.
“Худро аз имкони ба даст овардани даромад маҳрум накунед! Наздикони худро аз ин даромад маҳрум накунед”, - қайд кардаанд роҳбарони ҷамъиятҳо дар ин баёния.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имрӯзҳо барои Русия ва пойтахти ин кишвар амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, сулҳу осоиштагии байналмилалӣ хеле муҳим аст.
“То андозае ин аз ҳар яки мо вобаста аст! Лутфан, агар шумо ягон амали иғвоангезеро мушоҳида кунед, ба мо хабар диҳед! Ин ба манфиати мост”, - таъкид кардаанд ҷамъиятҳо.
Инчунин ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз роҳбарият ва мақомоти салоҳиятдори ду кишвар хостаанд, талош намоянд, ихтилофҳо ва масъалаҳои баҳсбарангезро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.
“Мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дар тӯли асрҳо дар паҳлуи якдигар, дар фазои дӯстӣ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ мекарданд ва имрӯз бояд анъанаҳои қадимаи неки ҳамсоягӣ ва дӯстии ду мардуми бародар ҳифз шаванду идома ёбанд. Бигзор дар сарзамини мо сулҳ бошад!”, - зикр намудаанд дар як баёнияе роҳбарони ҷамъиятҳои ду кишвар.