https://sputnik.tj/20220413/zindon-muhojir-rusiya-katl-hamsar-khusur-1047621471.html
Зиндони якумрӣ шудани муҳоҷири тоҷик ба далели қатли ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш
Зиндони якумрӣ шудани муҳоҷири тоҷик ба далели қатли ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи вилояти Перми Русия ҳукми муҳоҷири 23-соларо эълон намудааст, ки дар қатли ҳамсари ҳомила ва хусури худ даст доштааст 13.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-13T20:40+0500
2022-04-13T20:40+0500
2022-04-13T20:40+0500
дар тоҷикистон
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳукм
ҳабси абад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Русия як моҳиҷири 23-сола ба ҳабси абад ҳукм шуд. Ҳукми ӯро суди шаҳри Перм эълон намудааст ва Додситонии кулии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел онро расонаӣ кард.Ин муҳоҷир дар қатли ҳамсар ва падарарӯси худ гунаҳкор дониста шуд. Ҳодисаи даҳшатбори қатли падару духтар рӯзи 3 феврали соли гузашта дар вилояти Перм сурат гирифт.Маҳкумшуда дар ин шаҳр дар анбори падарарӯси худ кор мекард ва тибқи иттилои мақомоти Русия, ӯ зиёд машруб менӯшид.Гуфта мешавад, миёни домод ва ҳамсару падарарӯсаш ҷангу муноқишаҳои зиёд тӯл кашида, ахиран зан тасмим мегирад, ки аз шавҳари худ ҷудо шавад. Падараш барои харид кардани чиптаи ҳавопаймоӣ меравад, то домодашро ба Ватан гусел кунад.Аммо ҷавони 23-сола дар дохили манзили иҷора нахуст занашро бо ду зарби корд кушта, сипас сарашро аз танаш ҷудо кард. Баъдан дар назди бинои истиқоматӣ хусурашро поида, ӯро низ бо зарби корд ба қатл расонд ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор кард.Мақомоти Русия мегӯянд, маҳкумшуда дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шудааст.Ба ҳамин минвол ӯ бо ҳукми суди вилояти Перм, тибқи моддаи моддаи 105, қисми 2 б.б, “а", "г", "д”, Кодекси ҷиноятии Русия гунаҳкор ҳисобида шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди якумр маҳрум кардан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.Дар ҳамин ҳол Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар оянда барои ҷилавгирӣ намудан аз чунин ҳодисаҳои нохуш тамоми чораҳоро истифода мебарад.
https://sputnik.tj/20220126/hukm-zane-hamsar-kusht-mojaro-1045153869.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳукм, ҳабси абад
дар тоҷикистон, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳукм, ҳабси абад
Зиндони якумрӣ шудани муҳоҷири тоҷик ба далели қатли ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш
Додгоҳи вилояти Перми Русия ҳукми муҳоҷири 23-соларо эълон намудааст, ки дар қатли ҳамсари ҳомила ва хусури худ даст доштааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Русия як моҳиҷири 23-сола ба ҳабси абад ҳукм шуд. Ҳукми ӯро суди шаҳри Перм эълон намудааст ва Додситонии кулии Тоҷикистон рӯзи 13 апрел онро расонаӣ кард.
Ин муҳоҷир дар қатли ҳамсар ва падарарӯси худ гунаҳкор дониста шуд.
Ҳодисаи даҳшатбори қатли падару духтар рӯзи 3 феврали соли гузашта дар вилояти Перм сурат гирифт.
Маҳкумшуда дар ин шаҳр дар анбори падарарӯси худ кор мекард ва тибқи иттилои мақомоти Русия, ӯ зиёд машруб менӯшид.
Гуфта мешавад, миёни домод ва ҳамсару падарарӯсаш ҷангу муноқишаҳои зиёд тӯл кашида, ахиран зан тасмим мегирад, ки аз шавҳари худ ҷудо шавад. Падараш барои харид кардани чиптаи ҳавопаймоӣ меравад, то домодашро ба Ватан гусел кунад.
Аммо ҷавони 23-сола дар дохили манзили иҷора нахуст занашро бо ду зарби корд кушта, сипас сарашро аз танаш ҷудо кард. Баъдан дар назди бинои истиқоматӣ хусурашро поида, ӯро низ бо зарби корд ба қатл расонд ва сипас аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Мақомоти Русия мегӯянд, маҳкумшуда дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Ба ҳамин минвол ӯ бо ҳукми суди вилояти Перм, тибқи моддаи моддаи 105, қисми 2 б.б, “а", "г", "д”, Кодекси ҷиноятии Русия гунаҳкор ҳисобида шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди якумр маҳрум кардан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар оянда барои ҷилавгирӣ намудан аз чунин ҳодисаҳои нохуш тамоми чораҳоро истифода мебарад.